29 Даҳони худро бар хок хоҳад ниҳод: эҳтимол дорад, ки умеде бошад;
Ва ӯ дар тангии худ рӯи Худованд Худои худро ҷӯё шуд, ва ба ҳузури Худои падарони худ бағоят гардан фуровард;
Бар пӯсти худ палос дӯхтаам, ва шохи худро дар хок гузоштаам.
Ва оё ту бозуе мисли Худо дорӣ, ва бо овозе мисли Ӯ метавонӣ гулдуррос занӣ?
Ва барои ояндаи ту умеде ҳаст, — мегӯяд Худованд, — ва фарзандонат ба ҳудуди худ хоҳанд баргашт.
То ки ту ба ёд оварда, хиҷил шавӣ, ва минбаъд ба сабаби нанги худ даҳонатро накушоӣ, вақте ки Ман ҳар чиро, ки ту кардаӣ, ба ту биомурзам, мегӯяд Худованд Худо».
Эҳтимол дорад, ки Ӯ боз пушаймон шавад, ва пас аз он баракате боқӣ бигузорад, яъне ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ барои Худованд Худои шумо.
Шояд, Худо руҷӯъ намуда, пушаймон шавад, ва аз ғазаби Худ баргардад, ва мо ба ҳалокат нарасем».
Худовандро биталабед, эй ҳамаи ҳалимони замин, ки аҳкоми Ӯро ба ҷо меоваред; адолатро биталабед, фурӯтаниро биталабед, — шояд, ки дар рӯзи хашми Худованд тавонед пинҳон шавед.
Аммо боҷгир, дуртар истода, ҳатто ҷуръат надошт, ки чашмонашро сӯи осмон баланд кунад; балки синаи худро мезаду мегуфт: „Худоё! Ба мани гуноҳкор раҳм кун“.
Лекин мо медонем, ки ҳар чи шариат мегӯяд, ба аҳли шариат рӯ оварда мегӯяд, то ки ҳар даҳоне баста шавад ва тамоми олам пеши Худо айбдор гардад,