27 Барои одамизод хуб аст, ки юғро дар ҷавонии худ бардошта бошад:
Туро бар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд, ки мабодо пои худро ба санге бизанӣ.
Ва Офаринандаи худро дар айёми ҷавонии худ дар хотир нигоҳ дор, пеш аз он ки айёми бадӣ биёяд, ва солҳое фаро расад, ки ту бигӯӣ: «Маро аз онҳо ҳаловате нест»;
Хуб мешавад, ки ба наҷоти Худованд сокитона умедвор бошанд.
Вай танҳо нишаста, сукут хоҳад кард, зеро ки Худованд юғро бар вай ниҳодааст;