26 Хуб мешавад, ки ба наҷоти Худованд сокитона умедвор бошанд.
Ба мадади ту умедворам, Худованд!
Дар ин ҷанг шумо нахоҳед ҷангид; шумо, эй Яҳудо ва Ерусалим, бархоста биистед, ва наҷоти Худовандро, ки бо шумо хоҳад буд, бубинед! Натарсед ва ҳаросон нашавед! Фардо ба муқобили онҳо берун оед, ва Худованд бо шумо хоҳад буд“».
Бисьёр хамидақомат ва сархам шудаам, тамоми рӯз тирарӯ шуда мегардам;
Тарсу ларз бар ман ғолиб омадааст, ва даҳшат маро фаро гирифтааст.
Худоё! Ту Худои ман ҳастӣ, Туро ҳамеша меҷӯям; ҷонам ташнаи Туст, ва ҷисмам пазмони Ту, дар замини хароба ва бемаҷоле ки об надорад.
Худованд подшоҳӣ мекунад; Худро ба хилъати кибриё оростааст; Худованд Худро оростааст, камарбанди қувватро бастааст; дуньё низ устувор шудааст, фурӯ нахоҳад ғалтид.
Ва Мусо ба қавм гуфт: «Ҳаросон нашавед! Биистед ва наҷоти Худовандро бубинед, ки онро Ӯ имрӯз барои шумо ба амал хоҳад овард; зеро мисриёнро, ки имрӯз дидаед, дигар ҳаргиз нахоҳед дид.
Худованд барои шумо ҷанг хоҳад кард, ва шумо хомӯш бошед».
Зеро ки Худованд Худо, Қуддуси Исроил чунин мегӯяд: «Бо тавба ва фароғат наҷот меёфтед; қуввати шумо дар оромӣ ва эътимод мебуд»; вале шумо нахостед.
Чунки ёварии мисриён ҳеҷу пуч аст; бинобар ин онҳоро хондаам: «Раҳаби бекорнишин».
Ва ба Ӯ бигӯй: худдорӣ намо ва ором бош; натарс, ва дили ту аз ин ду кундаи нимсӯзи пурдуд, яъне аз шиддати ғазаби Расин ва Арам ва писари Рамальёҳу хавотир нашавад.
Оё дар миёни бутҳои халқҳо ба вуҷуд оварандагони борон ҳастанд? Ва оё осмон худ аз худ метавонад борон биборонад? Ин, охир, Ту, эй Худованд, Худои мо ҳастӣ, ва мо ба Ту умед хоҳем баст, зеро ки Ту ҳамаи ин чизҳоро офаридаӣ.
Барои одамизод хуб аст, ки юғро дар ҷавонии худ бардошта бошад:
Зеро ки рӯъё барои мӯҳлати муайян аст, ва аз фарҷом шаҳодат медиҳад, ва дурӯғ намегӯяд; агар даранг кунад, онро мунтазир шав, зеро ки ҳатман ба амал хоҳад омад, таъхир нахоҳад кард.
Дар кори хайр ҳамеша ғайрат кардан хуб аст, на танҳо вақте ки ман назди шумо бошам.
Пас умеди худро тарк накунед, ки мукофоти бузурге ба он тааллуқ дорад.
Зеро ки мо шарикони Масеҳ гардидаем, ба шарте ки асоси эътимоди худро то ба охир боматонат нигоҳ дорем,
Бинобар ин, камари ақли худро маҳкам баста ва ҳушьёр шуда, ба файзе ки дар вақти зуҳури Исои Масеҳ ба шумо ато хоҳад шуд, комилан умедвор бошед.