Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 3:25 - Китоби Муқаддас 1992 1999

25 Худованд барои умедворони худ, барои ҳар ҷоне ки толиби Ӯст, нек аст:

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 3:25
34 Iomraidhean Croise  

Ба мадади ту умедворам, Худованд!


Ва ту, эй писарам Сулаймон, Худои падари худро бишнос, ва Ӯро бо дили комил ва бо ҷони иштиёқманд ибодат намо, зеро ки Худованд ҳамаи дилҳоро имтиҳон мекунад, ва ҳар андеша ва фикрро мефаҳмад. Агар Ӯро ҷӯё бошӣ, Ӯ барои ту ёфт хоҳад шуд, вале агар Ӯро тарк намоӣ, Ӯ туро то абад тарк хоҳад кард.


Ва ӯ ба истиқболи Осо берун омада, ба вай гуфт: «Эй Осо ва тамоми Яҳудо ва Биньёмин, маро бишнавед: Худованд бо шумост, вақте ки шумо бо ӯ бошед, ва агар Ӯро ҷӯё шавед, Ӯ барои шумо ёфт хоҳад шуд, вале агар Ӯро тарк кунед, Ӯ шуморо тарк хоҳад кард.


Аммо дар ту аъмоли нек низ ёфт шудааст, чунки Ашераҳоро аз замин нест кардаӣ, ва дили худро моили он гардонидаӣ, ки Худоро ҷӯё бошӣ».


«Худованди пурэҳсон ҳар касро, ки дилаш моил шудааст, ки Худоро, яъне Худованд Худои падаронашро ҷӯё шавад, хоҳад омурзид, агарчи вай ба татҳири муқаддас мувофиқ набошад».


Ва ҳар амалеро, ки барои хизмати хонаи Худо, барои риояи Таврот ва аҳком, барои чустани Худои худ икдом намуд, ӯ бо тамоми дили худ иҷро кард ва муваффақият ёфт.


Зеро ман ор донистам, ки аз подшоҳ сарбозон ва саворон талаб кунам, то ки моро дар роҳ аз душман нигаҳбонӣ кунанд, чунки мо ба подшоҳ сухан ронда, гуфта будем: «Дасти Худои мо ба ҳар касе ки ба Ӯ рӯ меоварад, ба некӯист, вале қудрати Ӯ ва ғазаби Ӯ бар зидди ҳамаи онҳоест, ки Ӯро тарк мекунанд».


Хушо касоне ки инсофро нигоҳ медоранд, ва ҳар вақт адолатро ба амал меоваранд!


Худовандо! Ҷонамро аз лабҳои дурӯғгӯй халосӣ деҳ, ва аз забони ҳилагар.


Худовандо! Макони хонаи Туро дӯст медорам, ва мақоми маскани ҷалоли Туро.


Худованд қуввати қавми Худ ва истеҳқоми наҷоти масеҳи Худ мебошад.


Бисьёр хамидақомат ва сархам шудаам, тамоми рӯз тирарӯ шуда мегардам;


Қурбонӣ ва ҳадияро Ту нахостӣ; гӯшҳои маро воз кардӣ; қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии хаторо талаб накардӣ.


Барои сардори муғанниён, Едутун. Таронаи Довуд.


Танҳо қасди он доранд, ки ӯро аз мартабааш сарнагун созанд; кизбро дӯст медоранд: бо забони худ баракат медиҳанд, вале андаруни худ лаънат мегӯянд. Село.


Аз макр ва зулм ҷонҳои онҳоро раҳо хоҳад кард; ва хуни онҳо дар назари ӯ гаронбаҳо хоҳад буд.


Ва дар он рӯз хоҳанд гуфт: «Инак, Худои мо, ки ба Ӯ умед бастаем, ва Ӯ моро наҷот хоҳад дод! Ин аст Худованде ки ба Ӯ умед бастаем, пас дар наҷоти Ӯ шодӣ ва хурсандӣ хоҳем кард!»


Шабонгаҳ ман бо ҷони худ муштоқи Ту ҳастам, ва саҳаргоҳон ман бо рӯҳи худ дар андарунам Туро металабам; зеро вақте ки довариҳои Ту бар замин ба амал ояд, сокинони дуньё инсофро таълим хоҳанд гирифт.


Ва аз ин сабаб Худованд даранг менамояд, то шуморо афв кунад; ва аз ин сабаб Ӯ канорагирӣ менамояд, то бар шумо марҳамат кунад; зеро ки Худованд Худои адлу инсоф аст; хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ таваккал мекунанд!


Валекин умедворони Худованд қуввати тоза пайдо мекунанд, мисли уқобон бол меафшонанд, медаванд ва бемаҷол намегарданд, қадам мезананд ва хаста намешаванд.


Худовандро толиб бошед, вақте ки Ӯ ёфт мешавад; Ӯро бихонед, вақте ки Ӯ наздик аст.


Ва ҳаргиз нашнидаанд, ва гӯш накардаанд, ва чашм Худоеро ғайр аз Ту надидааст, ки барои умедворонаш чунин амал карда бошад.


Хуб мешавад, ки ба наҷоти Худованд сокитона умедвор бошанд.


Барои худ аз рӯи инсоф кишт кунед, ва бар тибқи марҳамат дарав намоед; киштзорро барои худ шудгор кунед, ва он гоҳ вақти он аст, ки Худовандро толиб шавед, то ки Ӯ омада, борони адолат бар шумо биборонад.


«Бинобар ин Маро», мегӯяд Худованд, «интизор бошед, то рӯзе ки барои шоҳидӣ бархезам, зеро ҳукми Ман ин аст, ки халқҳоро ҷамъ кунам, ва мамлакатҳоро фароҳам оварам, то ки ғазаби Худро, тамоми шиддати хашми Худро бар онҳо бирезам, зеро ки тамоми замин бо оташи рашки Ман фурӯ бурда хоҳад шуд.


Ва Писари Ӯро аз осмон мунтазир шавед, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, яъне Исоро, ки моро аз ғазаби оянда халосӣ медиҳад.


Пас, эй бародарон, то вақти омадани Худованд пурсабр бошед. Инак, зироаткор самараи гаронбаҳои заминро интизор мешавад ва барои ин бисьёр сабр мекунад, то даме ки борони аввалин ва охирин биборад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan