24 «Худованд насибаи ман аст, — мегӯяд ҷони ман, — бинобар ин ба Ӯ умедвор хоҳам буд».
Ва бар зидди инҳо кӯмак гирифтанд, ва ҳоҷариён ва ҳамаи ҳамроҳонашон ба дасти онҳо таслим гардиданд, зеро ки онҳо дар вақти ҷанг ба Худо истиғоса бурданд, ва Ӯ истиғосаи онҳоро иҷобат намуд, чунки ба Ӯ таваккал карданд.
Инак, маро қатл кунад ҳам, ба Ӯ умед хоҳам баст, аммо беайбии роҳҳои худро ба ҳузури Ӯ исбот хоҳам кард.
Он гоҳ Қодир хазоини тиллои ту ва нуқраи хушъиёр барои ту хоҳад буд,
Айёми қадимро ба ёд меоварам; ҳамаи корномаҳои Туро аз хаёл мегузаронам; дар бораи амали дастҳои Ту фикру хаёл мекунам.
Қадамҳоямро дар роҳҳои Худ қоим гардон, то ки пойҳоям налағҷад.
Вақте ки одилон фарьёд мекашанд, Худованд онҳоро шунида, аз ҳамаи тангиҳошон халосӣ медиҳад.
Чаро, эй ҷонам, маъюс шудаӣ ва андаруни ман ошуфтаҳол ҳастӣ? Ба Худо умедвор бош, зеро боз ба гуфтани ҳамди Ӯ муваффақ хоҳӣ шуд, ки Ӯ наҷоти рӯи ман ва Худои ман аст.
Ту подшоҳи ман ҳастӣ, эй Худо! Бар наҷоти Яъқуб амр фармо.
Зеро ки Ту мададгори ман будӣ, ва дар сояи болҳои Ту шодӣ хоҳам кард.
Аз макр ва зулм ҷонҳои онҳоро раҳо хоҳад кард; ва хуни онҳо дар назари ӯ гаронбаҳо хоҳад буд.
Ростӣ аз замин хоҳад сабзид, ва адолат аз осмон ба зуҳур хоҳад омад.
Ӯ, ки насибаи Яъқуб аст, мисли онҳо нест, зеро ки Ӯ Офаринандаи тамоми мавҷудот аст, ва Исроил сибти мероси Ӯст; исми Ӯ Худованди лашкарҳост.
Ӯ, ки насибаи Яъқуб аст, мисли онҳо нест, зеро ки Ӯ Офаринандаи тамоми мавҷудот аст, ва (Исроил) сибти мероси Ӯст; исми Ӯ Худованди лашкарҳост.
Ба дили худ чунин ҷавоб хоҳам гардонд ва бинобар ин умедвор хоҳам буд:
Вале ман ба Худованд интизорӣ мекашам, ба Худои наҷоти худ таваккал мекунам: Худои ман маро иҷобат хоҳад намуд.
Ишаъё низ мегӯяд: «Решаи Йисой хоҳад омад, ва Ӯ барои мутеъ кардани халқҳо хоҳад бархост; халқҳо ба Ӯ умед хоҳанд баст».
Пас, вай мулке дар миёни бародарони худ нахоҳад дошт: Худованд мулки вай аст, чунон ки Ӯ ба вай гуфтааст.
Ки ба воситаи Масеҳ шумо ба Худое имон овардед, ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард ва ба Ӯ ҷалол бахшид, то ки шумо ба Худо имон ва умед дошта бошед.
Ва Довуд бағоят ба танг омад, зеро ки қавм мехостанд ӯро сангсор кунанд, чунки тамоми қавм — ҳар яке барои писарону духтаронашон — талхком гардида буданд; вале Довуд ба Худованд Худои худ таваккал намуда, қувват меёфт.