Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 3:22 - Китоби Муқаддас 1992 1999

22 Эҳсонҳои Худованд поён надорад, ва марҳаматҳои Ӯ беинтиҳост;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 3:22
20 Iomraidhean Croise  

Ва Довуд ба Ҷод гуфт: «Ман дар ғояти тангӣ ҳастам; беҳтар аст, ки ба дасти Худованд биафтам, зеро ки марҳамати Ӯ бузург аст; вале ба дасти одамизод наафтам».


Валекин бар ҳасби марҳамати бузурги Худ онҳоро комилан маҳв насохтӣ ва тарк накардӣ, зеро ки Ту Худои карим ва раҳим ҳастӣ.


Чашмаҳоро ба наҳрҳо равона кардаӣ: дар миёни кӯҳҳо ҷорӣ мешаванд,


Ва монанди падарони худ насли саркаш ва исьёнгар нашаванд, насле ки ростдил набуданд, ва рӯҳашон ба Худо садоқат надошт.


Бирав ва ин суханонро ба ҷониби шимол эълон намо, ва бигӯй: Баргард, эй Исроили муртад! — мегӯяд Худованд, — Рӯи Худро ба шумо турш нахоҳам кард, зеро ки Ман раҳим ҳастам, — мегӯяд Худованд, — хашми Худро ба сурати абадӣ нигоҳ нахоҳам дошт.


Зеро Ман бо ту ҳастам, — мегӯяд Худованд, — то ки туро наҷот диҳам; зеро Ман ҳамаи халқҳоеро, ки дар миёнашон туро пароканда намудаам, талаф хоҳам кард, аммо туро талаф нахоҳам кард, балки туро аз рӯи инсоф ҷазо хоҳам дод, вале туро тамоман беҷазо нахоҳам мононд.


Оё Эфроим писари азизи Ман аст? Оё ӯ валади сурурангез аст? Зеро, ҳар бор, ки дар бораи ӯ сухан меронам, ӯро бисьёр ёд мекунам; бинобар ин ба ӯ дилам месӯзад, ба ҳар ҳол ба ӯ раҳм хоҳам кард», — мегӯяд Худованд.


Аммо Худованд Худои мо дорои раҳм ва омурзишҳост, гарчанде ки ба Ӯ осӣ шудаем,


Зеро Ман, ки Худованд ҳастам, тағьир наёфтаам, ва аз ин рӯ шумо, эй банӣ‐Яъқуб, несту нобуд нашудаед.


Ва марҳамати Ӯ насл ба насл барои касонест, ки аз Ӯ метарсанд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan