Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 3:17 - Китоби Муқаддас 1992 1999

17 Ва ҷонам аз осоиштагӣ дур шудааст: некрӯзиро фаромӯш кардаам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 3:17
13 Iomraidhean Croise  

Вале баъд аз онҳо ҳафт соли қаҳтӣ меояд; ва тамоми он фаровонӣ дар замини Миср фаромӯш мешавад, ва қаҳтӣ заминро табоҳ мекунад.


Ба ёд овар, ки ҳаёти ман бод аст, ва чашми ман некиро дигар нахоҳад дид.


Инак, талхӣ барои ман ба саломатӣ мубаддал шуд, ва Ту лутф намуда, ҷони маро аз чоҳи ҳалокат баровардӣ, чунки ҳамаи гуноҳҳои маро ба пушти Худ партофтӣ.


Зеро ки кӯҳҳо аз ҷои худ дур хоҳад шуд, ва теппаҳо футур хоҳад рафт, вале эҳсони Ман аз ту дур нахоҳад шуд, ва аҳди сулҳу осоиштагии Ман футур нахоҳад рафт, — мегӯяд Худованде ки ба ту раҳм мекунад.


Ҳамаамон мисли хирсон наъра мезанем, ва мисли кабӯтарон нолиш мекунем; ба инсоф умедворем — ва нест, ба наҷот умедворем — аз мо дур аст.


Ба ҳамаи теппаҳои биёбон тороҷгарон омаданд, чунки шамшери Худованд аз як канори замин то канори дигари замин талаф менамояд: барои ҳеҷ башаре осоиштагӣ нест.


Магар Ту Яҳудоро тамоман рад кардаӣ? Магар ҷони Ту аз Сион нафрат намудааст? Чаро моро тавре зарба задаӣ, ки барои мо ҳеҷ шифое нест? Осоиштагиро умедвор шудем, ва ҳеҷ хайре нест; ва замони шифоро интизор шудем, ва инак, даҳшат падид омад.


Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: ба хонаи мотам надаро, ва барои навҳа кардан нарав, ва ба онҳо таъзия баён накун; зеро ки Ман, — мегӯяд Худованд, — осоиштагии Худро, яъне эҳсон ва марҳаматро аз ин қавм дур кардаам.


Осоиштагиро умедвор шудем, вале некие ҳосил нашуд; замони шифоро интизор шудем, ва инак, даҳшат фаро расид.


Дар ҳаққи инҳо ман гирья мекунам: аз чашмам, аз чашмам об мерезад, зеро тасаллидиҳандае ки ҷонамро қувват медода бошад, аз ман дур шудааст; писаронам хонавайрон шудаанд, зеро ки душман зӯр баромадааст».


Зеро ки пеш аз он айём музде барои одам набуд, ва музде барои кори чорпоён набуд; ва барои онҳое ки даробаро мекарданд, осоиштагӣ аз дасти душман набуд, ва Ман ҳамаи одамонро ба зидди якдигар бармеангехтам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan