14 Барои тамоми қавми худ хандахариш шудаам, калимаи тамасхури ҳаррӯзаи онҳо гардидаам.
Дар рӯзе ки Туро хондам, маро иҷобат намудӣ, қувватро дар ҷонам афзун кардӣ.
Ва духтари Сӯр бо ҳадияҳо, ва сарватдорони қавм дидори туро хоҳанд талабид.
Худоё! Моро баргардон, ва рӯи Худро мунаввар намо, то ки наҷот ёбем.
Худовандо, Ту маро саргарм кардӣ, ва ман саргарм шудам; Ту аз ман пурзӯртарӣ — ва ғолиб омадӣ; ман тамоми рӯз хандахариш гардидам: ҳар кӣ маро тамасхур мекунад.
Оё Исроил барои ту хандазор нашуда буд? Оё вай дар миёни дуздон ёфт шуда буд, ки ҳар бор ту дар бораи вай сухан мерондӣ, бо нафрат калла меҷунбондӣ?
Шинухези онҳоро бубин, ки ман ашӯлаи онҳо гардидаам.