11 Роҳҳои маро каҷ карда, маро даридааст, маро маъюс намудааст;
Аммо акнун Ӯ маро бетоқат кардааст. Тамоми хонадони маро Ту маҳв намудаӣ,
Одамизод мисли як нафас аст: рӯзҳои вай мисли сояи даргузар аст.
Ва дарвозаҳои он нола хоҳад кард ва мотам хоҳад гирифт, ва он тиҳӣ гардида, бар замин хоҳад нишаст.
Ва Ман бар онҳо чор навъ мусибатро амр хоҳам фармуд, — мегӯяд Худованд: — Шамшерро барои куштан, ва сагонро барои даридан, ва мурғони осмон ва ҳайвоноти саҳроро барои хӯрдан ва талаф кардан.
Ва ин шаҳрро ба биёбон табдил дода, боиси мадҳушӣ хоҳам гардонид, ба тавре ки ҳар касе ки аз он гузар кунад, дар ҳайрат афтад ва аз дидани ҳамаи захмҳояш мадҳуш шавад.
Ва дар ин замин, ки шумо дар бораи он мегӯед: „Ин биёбони бе одам ва бе чорво аст, ки ба дасти калдониён супурда шудааст“, киштзорҳо харида хоҳад шуд;
Бинобар ин шере аз ҷангал онҳоро талаф хоҳад намуд, гурги биёбон онҳоро тороҷ хоҳад кард, паланг назди шаҳрҳои онҳо камин хоҳад гирифт: ҳар кӣ аз онҳо берун равад, дарида хоҳад шуд; зеро ки гуноҳҳои онҳо афзун шуда, муртадиҳои онҳо пурзӯр гардидааст.
Ба ақл ой, эй Ерусалим, мабодо ҷони Ман аз ту дур шавад, мабодо туро биёбоне, замини ғайримаскуне гардонам».
Аз афроз Ӯ оташе ба устухонҳоям фиристода, онҳоро бирьён кардааст; доме барои пойҳоям ниҳода, маро ба қафо баргардонидааст; маро маъюс ва дардманди ҳаррӯза сохтааст.
Ӯ барои ман хирси каминвар аст, шерест, ки дар ҷои ниҳонӣ бошад;
Чунин гуфт: „Ҳайвони чорум салтанати чорум бар замин хоҳад буд, ки он аз ҳамаи салтанатҳо фарқ хоҳад дошт, ва тамоми заминро хоҳад хӯрд, ва онро поймол намуда, пора‐пора хоҳад кард.
«Биёед, сӯи Худованд руҷӯъ намоем, зеро ки Ӯ даридааст, ва моро шифо хоҳад бахшид, Ӯ зарба задааст, ва моро ҷароҳатбандӣ хоҳад кард;
Ва бақияи Яъқуб дар миёни халқҳо, андаруни қавмҳои бисьёр мисли шере дар миёни ҳайвоноти ҷангал, мисли шери ҷавоне андаруни рамаҳои гӯсфандон хоҳад буд, ки он, агар бигзарад, поймол карда медарад, ва касе нест, ки раҳоӣ диҳад.
Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад.
Ва ба сарҳошон хок пошиданд ва фарьёд зада, бо гирья ва навҳа гуфтанд: „Вой, вой бар ҳоли ин шаҳри бузург, ки аз чизҳои гаронбаҳои вай ҳамаи онҳое ки дар баҳр киштӣ доштанд, сарватдор шудаанд! Зеро ки дар як соат вай хароб гардидааст.“