10 Ӯ барои ман хирси каминвар аст, шерест, ки дар ҷои ниҳонӣ бошад;
Ва агар як лаҳза сар бардорам, Ту мисли шер маро сайд хоҳӣ кард, ва боз корҳои аҷоиби Худро ба ман нишон хоҳӣ дод.
Торикиро пардаи Худ, хаймаи гирдогирди Худ бисохт, ки торикии обҳо ва абрҳои осмон буд.
То субҳ ман сокит будам; мисли шер Ӯ ҳамаи устухонҳои маро хоҳад шикаст; аз рӯз то шаб Ту кори маро тамом хоҳӣ кард.
Роҳҳои маро каҷ карда, маро даридааст, маро маъюс намудааст;
Роҳҳои маро бо харсангҳо бандубаст намудааст, пайроҳаҳои маро каҷ кардааст.
Зеро ки Ман мисли шер барои Эфроим ва мисли шербача барои хонадони Яҳудо хоҳам буд; Ман, Ман медарам ва меравам, бардошта мебарам, ва халоскунандае нахоҳад буд.
«Биёед, сӯи Худованд руҷӯъ намоем, зеро ки Ӯ даридааст, ва моро шифо хоҳад бахшид, Ӯ зарба задааст, ва моро ҷароҳатбандӣ хоҳад кард;