Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 2:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Дарвозаҳои он ба замин фурӯ рафтааст; ғалақаҳои онро вайрон карда шикастааст; подшоҳи он ва мирони он дар миёни ғайрияҳудиён мебошанд; шариате нест; анбиёи он низ рӯъёе аз ҷониби Худованд намеёбанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 2:9
27 Iomraidhean Croise  

Ва писарони Сидкиёҳуро дар пеши назари ӯ куштанд; ва чашмони Сидқиёҳуро кӯр карданд, ва ӯро занҷирбанд карда, ба Бобил бурданд.


Ва айёми зиёде исроилиён бе Худои ҳақ, ва бе коҳини омӯзгор, ва бе шариат буданд,


Ва онҳо ба ман гуфтанд: «Боқӣ мондагон, — онҳое ки аз асирӣ боқӣ мондаанд, — он ҷо, дар мамлакат, дар мусибати бузург ва дар хорузорӣ мебошанд; ва ҳисори Ерусалим хароб шудааст, ва дарвозаҳояш ба оташ сӯхтааст».


Зеро ки коса дар дасти Худованд аст, шароби пур аз дорувор дар он ҷӯш мезанад; ва Ӯ аз он мерезад, ва дурди онро ҳамаи шарирони замин афшурда менӯшанд.


Дар шаҳр харобӣ ҳукмфармост, ва дарвозаи он шикаста пора‐пора шудааст.


Ва Худованд ба ман гуфт: «Анбиё ба исми Ман бардурӯғ нубувват мекунанд; Ман онҳоро нафиристодаам ва ба онҳо амр нафармудаам ва сухане нагуфтаам; онҳо рӯъёи дурӯғ ва ҷоду ва батолат ва макри дили худро ба шумо нубувват мекунанд.


Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Ба суханони анбиё, ки барои шумо нубувват мекунанд, гӯш надиҳед: онҳо шуморо дар иштибоҳ андохта, рӯъёи дили худро баён менамоянд, на он чиро, ки аз даҳони Худо бошад.


Дар соли ёздаҳуми Сидқиё, дар моҳи чорум, дар рӯзи нӯҳуми моҳ, ҳисори шаҳр рахна карда шуд.


Ва хонаи подшоҳ ва хонаҳои қавмро калдониён ба оташ сӯзониданд, ва ҳисорҳои Ерусалимро хароб карданд.


Баҳодурони Бобил аз ҳарбу зарб даст кашида, дар истеҳкомҳои худ нишастаанд; қуввати онҳо адо шуда, мисли занон гардидаанд; масканҳои он сӯзонида, ғалақаҳои он шикаста шудааст.


Ва тамоми лашкари калдониён, ки ҳамроҳи сардори посбонон буданд, ҳамаи ҳисорҳои гирдогирди Ерусалимро хароб карданд.


Яҳудо аз боиси мазаллат ва меҳнати сахт ҷалои ватан шудааст; вай дар миёни бутпарастон нишаста, фароғат намеёбад; ҳамаи таъқибкунандагонаш дар миёни тангиҳо ба вай даррасидаанд.


«Дур шавед! Палид аст!» — дод мегуфтанд дар ҳаққи онҳо, — «Дур шавед, дур шавед, нарасед!» Ва онҳо чунин сарсон ва овора шуда мегаштанд, ва дар миёни халқҳо дар бораи онҳо мегуфтанд: «Дигар дар ин ҷо сокин нахоҳанд шуд».


Масеҳи Худованд, ки рӯҳи ҳаёти мо буд, дар чоҳи онҳо афтод, ки дар бораи ӯ мегуфтем: «Ба зери сояи ӯ дар миёни халқҳо зиндагӣ хоҳем кард».


Ва Ман доми Худро бар ӯ хоҳам афканд, ва ӯ дар тӯри Ман хоҳад афтод, ва ӯро ба Бобил, ба замини калдониён хоҳам овард, ва ӯ онро нахоҳад дид, ва дар он ҷо хоҳад мурд.


Ва доми Худро бар ӯ хоҳам афканд, ва ӯ дар тӯри Ман хоҳад афтод; ва Ман ӯро ба Бобил хоҳам овард, ва дар он ҷо барои хиёнате ки дар ҳаққи Ман кард, бар ӯ доварӣ хоҳам намуд.


Фалокат бар фалокат меояд, ва овоза бар овоза ба гӯш мерасад; ва рӯъёе аз набӣ талаб хоҳанд кард, вале дастур аз коҳин, ва машварат аз пирон барҳам хоҳад хӯрд.


Ва шамшер дар шаҳрҳояш чарх зад. ва деҳоти варо маҳв кард, ва онҳоро ба сабаби дасисаҳошон фурӯ бурд.


Зеро ки банӣ‐Исроил айёми зиёде бе подшоҳ ва бе сарвар, ва бе қурбонӣ ва бе сутуни назди қурбонгоҳ, ва бе эфӯд ва трофим хоҳанд буд.


Ва ғалақаи Димишқро хоҳам шикаст, ва сокинонро аз водии Овин, ва дорандаи чӯбдасти салтанатро аз Байт‐Адан маҳв хоҳам кард, ва қавми Арам ба Қир ба асирӣ хоҳанд рафт», мегӯяд Худованд.


Худованд туро, ва подшоҳатро, ки бар худ таъин менамоӣ, сӯи халқе хоҳад бурд, ки варо ту ва падаронат намешинохтед; ва дар он ҷо ту худоёни дигарро, ки аз чӯб ва санг иборатанд, ибодат хоҳӣ кард.


Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки чӣ тавре ки Худованд шодикунон ба шумо эҳсон намуда, шуморо афзун гардонида буд, ҳамон тавр Худованд шодикунон шуморо несту нобуд хоҳад кард, ва шумо аз замине ки барои тасарруф кардани он ба он дохил мешавед, ронда хоҳед шуд.


Ва Шоул аз Худованд пурсид, вале Худованд ба ӯ ҷавоб нагардонд, — на ба воситаи хобҳо, на ба воситаи урим ва на ба воситаи анбиё.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan