Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 2:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Худованд қурбонгоҳи Худро тарк карда, қудси Худро хор дидааст; ҳисорҳои қасрҳои онро ба дасти душманон таслим намудааст: онҳо дар хонаи Худованд, ба монанди рӯзи ид, овоз бардоштаанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 2:7
31 Iomraidhean Croise  

Ва ӯ хонаи Худованд ва хонаи подшоҳро сӯзонид; ва ҳамаи хонаҳои Ерусалим, ва ҳар хонаи бузургро бо оташ сӯзонид.


Ва хонаи Худоро сӯзониданд, ва ҳисори Ерусалимро хароб карданд, ва ҳамаи қасрҳои онро ба оташ сӯзониданд, ва тамоми колои нафисаи онро несту нобуд карданд.


Худовандо! Бениҳоят дар ғазаб нашав, ва гуноҳро то абад дар хотир нигоҳ надор; лутфан назар андоз, ки ҳамаамон қавми Ту ҳастем.


„Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман олоти ҷангро, ки дар дасти шумост, ва шумо ба воситаи онҳо бо подшоҳи Бобил ва калдониёне ки шуморо аз беруни ҳисор муҳосира намудаанд, ҷанг мекунед, ба самти дигар хоҳам гардонид, ва онҳоро андаруни ин шаҳр ҷамъ хоҳам овард;


«Михои Мӯраштӣ дар айёми Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо нубувват кард ва ба тамоми қавми Яҳудо хитоб намуда, гуфт: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: Сион мисли саҳро шудгор карда хоҳад шуд, ва Ерусалим ба харобазор табдил хоҳад ёфт, ва кӯҳи хонаи Худованд — ба теппаҳои дарахтзор“.


Пас ин хонаро Ман мисли Шилӯ хоҳам гардонид, ва ин шаҳрро барои ҳамаи халқҳои замин рамзи лаънат хоҳам сохт“».


Ва калдониёне ки ба зидди ин шаҳр ҷанг мекунанд, дохил шуда, ба ин шаҳр оташ хоҳанд зад ва онро бо хонаҳое ки бар бомҳои онҳо барои Баал бухур месӯзониданд ва ҳадияҳои рехтанӣ барои худоёни бегона рехта, Маро ба ғазаб меоварданд, хоҳанд сӯзонид,


Ва хонаи подшоҳ ва хонаҳои қавмро калдониён ба оташ сӯзониданд, ва ҳисорҳои Ерусалимро хароб карданд.


Нигоҳ кардам, ва инак, боғистон ба биёбон мубаддал шудааст, ва ҳамаи шаҳрҳои он аз ҳузури Худованд, аз оташи ғазаби Ӯ хароб шудааст.


Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: «Тамоми замин валангор хоҳад шуд, вале онро комилан несту нобуд нахоҳам кард.


Овози гурезагон ва наҷотьёфтагон аз замини Бобил ба гӯш мерасад, то ки дар Сион аз интиқоми Худованд Худои мо, аз интиқоми маъбади Ӯ огоҳӣ диҳад.


Ва хонаи Худованд ва хонаи подшоҳро сӯзонид; ва ҳамаи хонаҳои Ерусалим ва ҳар хонаи бузургонро ба оташ сӯзонид.


Роҳҳои Сион мотам гирифтааст, чунки мардум дар идҳо ба зиёрат намеоянд; ҳамаи дарвозаҳояш хароб шудааст; коҳинонаш оҳу воҳ мекунанд, дӯшизагонаш ғамгинанд, ва худаш талхком аст.


Чӣ гуна Худованд дар вақти ғазаби Худ духтари Сионро бо абрҳои тира пӯшонидааст, шукӯҳи Исроилро аз осмон ба замин афкандааст ва пойандози Худро дар рӯзи ғазаби Худ ба ёд наовардааст!


Худованд мисли душман шуда, Исроилро талаф намудааст: ҳамаи қасрҳои онро талаф намуда, калъаҳои онро хароб кардааст ва барои духтари Яҳудо нолаву фиғонро афзудааст;


„Ба хонадони Исроил бигӯй: Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман хонаи муқаддаси Худро, ки ҷалоли қуввати шумо, ҳаловати чашмони шумо ва марҳами ҷони шумост, ба хорӣ таслим хоҳам намуд, ва писарону духтарони шумо, ки онҳоро дар Яҳудо тарк кардаед, аз шамшер хоҳанд афтод.


Ва Ман шариртарини халқҳоро хоҳам овард, ва хонаҳои онҳоро соҳиб хоҳанд шуд; ва ба ғурури зӯроварон хотима хоҳам дод, ва ҷойҳои муқаддаси онҳо палид хоҳад шуд.


Ва шаҳрҳои шуморо хароб хоҳам кард, ва қудсҳои шуморо валангор хоҳам намуд, ва атри гуворои қурбониҳои шуморо нахоҳам бӯид.


Бо вуҷуди ҳамаи ин, ҳангоме ки онҳо дар замини душманони худ бошанд, Ман аз онҳо нафрат нахоҳам кард ва аз онҳо карохат нахоҳам дошт, то ба дараҷае ки онҳоро маҳв намоям ва аҳди Худро, ки бо онҳо бастаам, поймол кунам; зеро ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам.


Ва оташе ба Яҳудо хоҳам фиристод, ки қасрҳои Ерусалимро фурӯ хоҳад бурд».


Бинобар ин, аз боиси шумо, Сион мисли саҳро шудгор хоҳад шуд, ва Ерусалим ба харобазор, ва кӯҳи Хона ба баландиҳои ҷангалзор мубаддал хоҳад гардид.


Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё ҳамаи инҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар ин ҷо санге бар санге нахоҳад монд; ҳамааш хароб хоҳад шуд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan