5 Худованд мисли душман шуда, Исроилро талаф намудааст: ҳамаи қасрҳои онро талаф намуда, калъаҳои онро хароб кардааст ва барои духтари Яҳудо нолаву фиғонро афзудааст;
Ва ӯ хонаи Худованд ва хонаи подшоҳро сӯзонид; ва ҳамаи хонаҳои Ерусалим, ва ҳар хонаи бузургро бо оташ сӯзонид.
Чаро рӯи Худро пинҳон медорӣ, ва маро душмани Худ ҳисоб мекунӣ?
Ғазаби Худро бар ман афрӯхтааст, ва маро душмани Худ ҳисоб кардааст.
Вале Ман Ариилро ба танг хоҳам овард, ва нолаю фиғон хоҳад буд; ва он барои Ман мисли Ариил хоҳад монд.
Валекин онҳо беитоатӣ намуда, Рӯҳулқудси Ӯро маҳзун мекарданд, ва Ӯ душмани онҳо гашта, ба муқобили онҳо меҷангид.
Ва Худованд ба ман гуфт: «Ҳатто агар Мусо ва Самуил ба ҳузури Ман биистанд, ҷони Ман ба ин қавм моил нахоҳад шуд; онҳоро аз ҳузури Ман дур андоз, то бираванд.
„Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман олоти ҷангро, ки дар дасти шумост, ва шумо ба воситаи онҳо бо подшоҳи Бобил ва калдониёне ки шуморо аз беруни ҳисор муҳосира намудаанд, ҷанг мекунед, ба самти дигар хоҳам гардонид, ва онҳоро андаруни ин шаҳр ҷамъ хоҳам овард;
Ҳамаи дӯстдоронат туро фаромӯш кардаанд, аҳволатро намепурсанд, зеро ки Ман туро зарбаи душманона ва танбеҳи бераҳмона барои бисьёрии маъсияти ту додаам, барои он ки гуноҳҳои ту афзудааст.
Ва хонаи Худованд ва хонаи подшоҳро сӯзонид; ва ҳамаи хонаҳои Ерусалим ва ҳар хонаи бузургонро ба оташ сӯзонид.
Худованд ҳамаи масканҳои Яъқубро талаф намуда, раҳме накардааст, қалъаҳои духтари Яҳудоро дар вақти хашми Худ хароб намуда, ба замин яксон кардааст, давлат ва мирони онро поймол гардондааст;
Камони Худро мисли душман зеҳ кардааст, бо ямини Худ мисли аду ба қиём бархостааст ва ҳамаи назаррабоёнро куштааст; бар хаймаи духтари Сион хашми Худро мисли оташ рехтааст.
Ва онро пеши ман воз кард, ва рӯй ва пушти он навишта шуда буд, ва навҳа ва нола ва оҳу воҳ дар он навишта шуда буд.
Ва Самуил гуфт: «Чаро аз ман мепурсӣ, дар сурате ки Худованд аз ту дур шуда, ба душмани ту табдил ёфтааст?