Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 2:21 - Китоби Муқаддас 1992 1999

21 Наврасон ва пирон бар хоки кӯчаҳо хобидаанд; дӯшизагонам ва ҷавононам аз дами шамшер афтодаанд; Ту онҳоро дар рӯзи ғазаби худ куштаӣ, ба қатл расондаӣ ва раҳме накардаӣ;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 2:21
33 Iomraidhean Croise  

Ва Ӯ подшоҳи калдониёнро бар онҳо овард, ки вай ҷавонони онҳоро дар хонаи муқаддасашон бо шамшер кушт, ва бар ҷавонон ва дӯшизагон ва пирон ва мӯйсафедон шафқат нанамуд: Ӯ ҳамаро ба дасти вай супурд.


Ва мактубҳо ба воситаи чопарон ба ҳамаи вилоятҳои подшоҳ фиристода шуд, то ки ҳамаи яҳудиёнро, аз ҷавон то пир ва тифлон ва занон, дар як рӯз, дар рӯзи сездаҳуми моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, нобуд кунанд, бикушанд ва талаф намоянд, ва молу мулки онҳоро толону тороҷ кунанд.


Вақте ки шохаҳои он хушк шавад, шикаста хоҳад шуд; занон омада, онҳоро хоҳанд сӯзонид. Азбаски онҳо қавми бофаҳм нестанд, Офаринандаашон ба онҳо раҳм нахоҳад кард, ва Холиқашон онҳоро афв нахоҳад намуд.


Бинобар ин Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Инак, онҳоро ҷазо хоҳам дод: ҷавононашон ба дами шамшер хоҳанд мурд, писаронашон ва духтаронашон аз қаҳтӣ хоҳанд мурд.


Ва онҳоро, яъне падарон ва писаронро, ба якдигар зада, пора‐пора хоҳам кард; дар вақти талаф сохтани онҳо дилсӯзӣ, шафқат ва раҳм нахоҳам кард“».


Бинобар ин писарони онҳоро ба қаҳтӣ гирифтор намо, ва онҳоро ба дами шамшер бисупор; бигзор занони онҳо гумкардафарзанд ва бева шаванд, ва шавҳаронашон куштаи вабо, ва ҷавононашон дар ҷанг қурбони шамшер гарданд.


Ва баъд аз он, — мегӯяд Худованд, — Сидқиё подшоҳи Яҳудо, ва бандагонаш, ва ин қавм, ва онҳоеро, ки дар ин шаҳр аз вабо, шамшер ва қаҳтӣ боқӣ мондаанд, ба дасти Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ва ба дасти душмани онҳо, ва ба дасти толибони ҷонашон хоҳам супурд, ва ӯ онҳоро ба дами шамшер қатл хоҳад кард, ва дар ҳаққи онҳо дилсӯзӣ, шафқат ва раҳм нахоҳад намуд“.


Зеро овозе ба гӯшам мерасад, мисли фарьёди зане ки дарди зоиш дорад ва ҳамчун зани навзой азоб мекашад, яъне овози духтари Сион, ки базӯр нафас гирифта ва дастҳои худро дароз карда, фиғон мекашад: «Эй вой бар ман, ки ҷонам аз дасти қотилон бемаҷол шудааст!»


Ва ба воситаи ту мард ва занро торумор кардам, ва ба воситаи ту пир ва кӯдакро торумор кардам, ва ба воситаи ту ҷавон ва дӯшизаро торумор кардам;


Ва ман аз ғазаби Худованд пур шудаам, ва аз нигоҳ доштани он лакот гардидаам. «Пас, онро дар кӯча бар кӯдакон ва бар маҷлиси ҷавонон якбора бирез; мард бо зан низ гирифтор хоҳанд шуд, ва мӯйсафед бо шахси солхӯрда.


Пас, эй занон, каломи Худовандро бишнавед, ва бигзор гӯши шумо каломи даҳони Ӯро бипазирад; ва шумо ба духтарони худ навҳаро таълим диҳед, ва ҳар зан ба дугонаи худ — овозандозиро.


Зеро ки мамот ба тирезаҳои мо баромада, ба кӯшкҳои мо дохил шудааст, то ки тифлонро аз кӯчаҳо ва ҷавононро аз майдонҳо талаф намояд.


Ҳамаи баҳодурони маро Худованд андаруни ман вожгун кардааст: ҷамъомадеро бар зидди ман даъват намудааст, то ки ҷавонони маро несту нобуд кунанд; духтари бокираи Яҳудоро Худованд дар чархушт поймол кардааст.


«Худованд одил аст, зеро ки аз амри Ӯ саркашӣ кардаам. Бишнавед, эй ҳамаи қавмҳо, ва дарди маро бубинед: дӯшизагонам ва ҷавононам ба асирӣ рафтаанд.


Роҳҳои Сион мотам гирифтааст, чунки мардум дар идҳо ба зиёрат намеоянд; ҳамаи дарвозаҳояш хароб шудааст; коҳинонаш оҳу воҳ мекунанд, дӯшизагонаш ғамгинанд, ва худаш талхком аст.


Худованд он чи қарор дода буд, иҷро кардааст; амреро, ки аз қадимулайём фармуда буд, ба амал овардааст: хароб намуда, раҳме накардааст ва душманро бар ту шод гардонда, шохи адуёнатро баланд бардоштааст.


Худованд ҳамаи масканҳои Яъқубро талаф намуда, раҳме накардааст, қалъаҳои духтари Яҳудоро дар вақти хашми Худ хароб намуда, ба замин яксон кардааст, давлат ва мирони онро поймол гардондааст;


Худро бо ғазаб пӯшонида, моро таъқиб намудаӣ, куштаӣ, раҳме накардаӣ;


„Ба хонадони Исроил бигӯй: Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман хонаи муқаддаси Худро, ки ҷалоли қуввати шумо, ҳаловати чашмони шумо ва марҳами ҷони шумост, ба хорӣ таслим хоҳам намуд, ва писарону духтарони шумо, ки онҳоро дар Яҳудо тарк кардаед, аз шамшер хоҳанд афтод.


Бинобар ин ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, азбаски ту хонаи муқаддаси Маро бо тамоми қабоҳати худ ва бо тамоми аъмоли зишти худ палид кардаӣ, Ман низ эътино нахоҳам кард, ва чашмам риққат нахоҳад овард, Ман низ раҳм нахоҳам кард.


Ва чашмам бар ту риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард, балки ба ту бар тибқи рафтор ва аъмоли зишти ту, ки андаруни туст, подош хоҳам дод; ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам».


Ва чашмам риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард; ба ту бар тибқи рафтор ва аъмоли зишти ту, ки андаруни туст, подош хоҳам дод; ва хоҳед донист, ки Ман Худованди ҷазодиҳанда ҳастам.


Бинобар ин Ман низ бо ғазаб амал хоҳам намуд: чашмам риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард, ва ҳарчанд ба гӯшҳои Ман бо овози баланд бихонанд, онҳоро иҷобат нахоҳам намуд».


Бинобар ин чашми ман низ риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард: подоши рафторашонро бар сарашон хоҳам овард».


«Ваборо аз қабили он ки дар Миср воқеъ шудааст, бар шумо фиристодам; ҷавонони шуморо ба дами шамшер куштам, дар сурате ки аспҳотон ба асирӣ афтод; ва тааффуни ӯрдуҳои шумо баромада, ба димоғатон зад; валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд.


Дар он рӯз дӯшизагони соҳибҷамол ва ҷавонон аз ташнагӣ беҳуш хоҳанд шуд;


Зеро ки Ман ба сокинони ин замин дигар раҳм нахоҳам кард, мегӯяд Худованд; ва инак, Ман одамонро ба дасти якдигар ва ба дасти подшоҳашон таслим хоҳам намуд, ва онҳо заминро торумор хоҳанд кард, ва Ман аз дасташон халосӣ нахоҳам дод».


Халқи рӯйнатане ки поси хотири пиронро нигоҳ намедорад, ва ба ҷавонон раҳм намекунад;


Аз берун онҳоро шамшер талаф хоҳад кард, ва аз даруни хонаҳо — даҳшат: ҳам ҷавонон, ҳам дӯшизагон, ҳам ширхорагон ва ҳам мӯйсафедонро.


Ва Еҳушаъ ба он ду мард, ки ин заминро ҷосусӣ карда буданд, гуфт: «Ба хонаи он фоҳиша биравед, ва он занро бо ҳамаи онҳое ки назди вай ҳастанд, берун оваред, чунон ки ба вай қасам хӯрдаед».


Акнун ту рафта, ба Амолеқ шикаст расон; ва ҳар он чи вай дорад, несту нобуд кунед; ва ба ӯ раҳм накун, балки аз мард то зан, аз кӯдак то тифли ширмак, аз гов то гӯсфанд, аз шутур то хар бикуш“».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan