Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 2:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Худованд ҳамаи масканҳои Яъқубро талаф намуда, раҳме накардааст, қалъаҳои духтари Яҳудоро дар вақти хашми Худ хароб намуда, ба замин яксон кардааст, давлат ва мирони онро поймол гардондааст;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 2:2
32 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Оё ба бандаи Ман Айюб диққат додӣ, ки мисли ӯ марди беайб ва росткор ва худотарсе ки аз бадӣ дур мешавад, бар замин нест? Ва ӯ ҳанӯз ба беайбии худ қоим аст, ва ҳол он ки ту Маро бар зидди ӯ барангехтӣ, то ӯро бесабаб нобуд кунам».


«Ба Худованд таваккал карда буд, ӯро раҳо кунад; агар дилхоҳаш бошад, ӯро наҷот диҳад».


Зеро ки на аз машриқ наҷот меояд, ва на аз мағриб, ва на аз биёбони кӯҳсор,


Зеро ки рӯзи ҳаяҷон ва мағлубият ва парешонӣ аз ҷониби Худованди лашкарҳост дар водии рӯъё: ҳисорро вайрон мекунанд, ва фарьёд дар кӯҳҳо танинандоз мешавад.


Худованди лашкарҳо инро қарор додааст, то ки кибриёи ҳар ҳашаматро поймол кунад ва ҳамаи мӯҳтарамони заминро ба залолат андозад.


Ва Ӯ ҳисорҳои баланди истеҳкомдори туро вожгун намуда, фурӯ хоҳад ғалтонид, бар замин афканда, ба хок яксон хоҳад кард.


Зеро ки Ӯ болонишинонро вожгун намудааст, шаҳри олишонро фурӯ ғалтонидааст, онро то ба замин фурӯ ғалтонида, ба хок яксон кардааст.


Вақте ки шохаҳои он хушк шавад, шикаста хоҳад шуд; занон омада, онҳоро хоҳанд сӯзонид. Азбаски онҳо қавми бофаҳм нестанд, Офаринандаашон ба онҳо раҳм нахоҳад кард, ва Холиқашон онҳоро афв нахоҳад намуд.


Бинобар ин Ман сарварони қудсро аз қудсият маҳрум намудам, ва Яъқубро ба ҳалокат, ва Исроилро ба таҳқир маҳкум кардам».


Ман бар қавми Худ хашм гирифтам, мероси Худро хор доштам, ва онҳоро ба дасти ту супурдам, — аммо ту ба онҳо раҳм накардӣ, юғи худро бар пирон бағоят гарон кардӣ.


Ва онҳоро, яъне падарон ва писаронро, ба якдигар зада, пора‐пора хоҳам кард; дар вақти талаф сохтани онҳо дилсӯзӣ, шафқат ва раҳм нахоҳам кард“».


«Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман бар ин шаҳр ва бар ҳамаи қасабаҳояш тамоми мусибатеро, ки дар бораи он сухан рондаам, хоҳам овард, чунки онҳо гарданкашӣ карда, суханони Маро нашнидаанд».


Ва баъд аз он, — мегӯяд Худованд, — Сидқиё подшоҳи Яҳудо, ва бандагонаш, ва ин қавм, ва онҳоеро, ки дар ин шаҳр аз вабо, шамшер ва қаҳтӣ боқӣ мондаанд, ба дасти Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ва ба дасти душмани онҳо, ва ба дасти толибони ҷонашон хоҳам супурд, ва ӯ онҳоро ба дами шамшер қатл хоҳад кард, ва дар ҳаққи онҳо дилсӯзӣ, шафқат ва раҳм нахоҳад намуд“.


Бар деворҳои токзори он баромада, онҳоро хароб намоед, вале комилан несту нобуд накунед; шохаҳояшро барканед, чунки онҳо аз они Худованд нестанд;


Худованд он чи қарор дода буд, иҷро кардааст; амреро, ки аз қадимулайём фармуда буд, ба амал овардааст: хароб намуда, раҳме накардааст ва душманро бар ту шод гардонда, шохи адуёнатро баланд бардоштааст.


Наврасон ва пирон бар хоки кӯчаҳо хобидаанд; дӯшизагонам ва ҷавононам аз дами шамшер афтодаанд; Ту онҳоро дар рӯзи ғазаби худ куштаӣ, ба қатл расондаӣ ва раҳме накардаӣ;


Худованд мисли душман шуда, Исроилро талаф намудааст: ҳамаи қасрҳои онро талаф намуда, калъаҳои онро хароб кардааст ва барои духтари Яҳудо нолаву фиғонро афзудааст;


Худро бо ғазаб пӯшонида, моро таъқиб намудаӣ, куштаӣ, раҳме накардаӣ;


Бинобар ин ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, азбаски ту хонаи муқаддаси Маро бо тамоми қабоҳати худ ва бо тамоми аъмоли зишти худ палид кардаӣ, Ман низ эътино нахоҳам кард, ва чашмам риққат нахоҳад овард, Ман низ раҳм нахоҳам кард.


Ва чашмам бар ту риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард, балки ба ту бар тибқи рафтор ва аъмоли зишти ту, ки андаруни туст, подош хоҳам дод; ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам».


Ва чашмам риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард; ба ту бар тибқи рафтор ва аъмоли зишти ту, ки андаруни туст, подош хоҳам дод; ва хоҳед донист, ки Ман Худованди ҷазодиҳанда ҳастам.


Бинобар ин Ман низ бо ғазаб амал хоҳам намуд: чашмам риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард, ва ҳарчанд ба гӯшҳои Ман бо овози баланд бихонанд, онҳоро иҷобат нахоҳам намуд».


Бинобар ин чашми ман низ риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард: подоши рафторашонро бар сарашон хоҳам овард».


Ва бутҳои Ашераи туро аз андаруни ту барҳам хоҳам дод, ва шаҳрҳои туро нест хоҳам кард.


Агар Адӯм бигӯяд: «Мо валангор гардидаем, вале харобазорро аз нав бино хоҳем кард», пас Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Онҳо бино хоҳанд кард, вале Ман вайрон хоҳам намуд, ва онҳоро ҳудуди шарорат ва қавме хоҳанд номид, ки Худованд бар онҳо то абад ғазаб кардааст».


Оё туро низ лозим набуд, ки ба рафиқи худ раҳм кунӣ, чунон ки ман ба ту раҳм кардам?“


Зеро аслиҳаи ҷанги мо ҷисмонӣ нест, балки назди Худо боиқтидор аст барои хароб кардани қалъаҳо;


Ва туро дар ҳамаи шаҳрҳоят муҳосира хоҳад кард, то даме ки деворҳои баланд ва мустаҳками туро, ки ба онҳо таваккал менамоӣ, дар тамоми заминат хароб кунад; ва туро дар тамоми шаҳрҳоят, дар тамоми заминат, ки онро Худованд Худоят ба ту медиҳад, муҳосира хоҳад кард.


Зеро ки оташи ғазаби Ман аланга задааст, ва то асфалуссофилин фурӯзон шудааст, ва заминро бо ҳосили он фурӯ мебарад, ва асоси кӯҳҳоро месӯзонад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan