Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 2:19 - Китоби Муқаддас 1992 1999

19 Шабонгоҳ, дар аввали посҳо, бархоста фиғон бардор; ба ҳузури Худованд дили худро мисли об рехта холӣ кун; дастҳои худро дар бораи ҷони кӯдаконат, ки дар сари ҳар кӯча аз гуруснагӣ беҳуш мешаванд, сӯи Ӯ боло бардор:

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 2:19
31 Iomraidhean Croise  

Пеш аз нони ман оҳу воҳи ман меояд, ва наъраҳоям мисли об ҷараён дорад.


Ки дар хонаи Худованд меистед: дар саҳнҳои хонаи Худои мо.


Андӯҳамро пеши Ӯ изҳор менамоям; тангиамро пеши Ӯ баён мекунам.


Ва бо бандаи Худ ба мурофиа набиё, зеро ҳеҷ як зиндае нест, ки пеши Ту сафед шуда тавонад.


Зеро ки душман ҷонамро таъқиб менамояд, ҳаётамро ба замин яксон кардааст, маро дар зулмот сокин гардондааст, мисли онҳое ки аз қадим мурдаанд.


Дар шаъни Худованд васфи ҷалоли исми Ӯро бигӯед; ба Худованд дар шавкати қудсият саҷда кунед.


Нур ва ростии Худро бифрист, то ки маро ҳидоят намоянд, маро ба кӯҳӣ муқаддаси Ту ва ба масканҳои Ту биёранд.


Ва назди қурбонгоҳи Худо хоҳам омад, назди Худое ки шодӣ ва хурсандии ман аст, ва Туро, эй Худо, Худои ман, бо барбат ҳамд хоҳам гуфт!


Зеро ки Ту мададгори ман будӣ, ва дар сояи болҳои Ту шодӣ хоҳам кард.


Ки забони худро мисли шамшер тез кардаанд, тирҳои худ — суханони талхро ба зеҳ овардаанд,


Шабонгаҳ ман бо ҷони худ муштоқи Ту ҳастам, ва саҳаргоҳон ман бо рӯҳи худ дар андарунам Туро металабам; зеро вақте ки довариҳои Ту бар замин ба амал ояд, сокинони дуньё инсофро таълим хоҳанд гирифт.


Писарони ту бемаҷол гардида, дар сари ҳар кӯча мисли говмеши ба домафтодае хобидаанд, дар ҳолате ки аз ғазаби Худованд, аз итоби Худои ту пур шудаанд.


Агар ба саҳро бароям, — инак, шаҳидони шамшер; ва агар ба шаҳр дароям, — инак, гирифторони қаҳтӣ; зеро ки ҳам набӣ ва ҳам коҳин бар замин овора шуда мегарданд ва ҳеҷ чизро намедонанд“».


Пас, эй занон, каломи Худовандро бишнавед, ва бигзор гӯши шумо каломи даҳони Ӯро бипазирад; ва шумо ба духтарони худ навҳаро таълим диҳед, ва ҳар зан ба дугонаи худ — овозандозиро.


Бинобар ин падарон андаруни ту писаронро хоҳанд хӯрд, ва писарон падарони худро хоҳанд хӯрд, ва Ман бар ту довариҳо хоҳам намуд, ва тамоми бақияи туро ба сӯи ҳар бод пароканда хоҳам кард.


Ҳангоме ки Ман тирҳои шадиди қаҳтиро, ки барои ҳалокат мебошанд, бифиристам, Ман онҳоро барои талаф кардани шумо хоҳам фиристод, ва қаҳтиро бар шумо торафт сахт хоҳам кард, ва муттакои нони шуморо дарҳам хоҳам шикаст;


Барои писарони нозпарварди худ мӯи саратро битарош ва бикан; бемӯии саратро мисли уқоб васеътар бикун, чунки онҳо аз пеши ту ба асирӣ хоҳанд рафт.


Вай низ ҷалои ватан шуда, ба асирӣ рафтааст; кӯдаконаш низ дар сари ҳар кӯча ба сангҳо зада кушта шудаанд; ва бар ашрофи вай қуръа партофтаанд, ва тамоми акобираш бо занҷирҳо баста шудаанд.


Ва дар поси чоруми шаб Исо бар баҳр қадам зада, назди онҳо омад.


Пагоҳӣ, хеле бармаҳал хеста, берун рафт ва ба хилватгоҳе расида, дар он ҷо дуо гуфт.


Пас, бедор бошед; зеро намедонед, ки соҳиби хона кай меояд, дар шом, ё ними шаб, ё ҳангоми бонги хурӯс, ё бомдодон;


Дар он айём Ӯ барои дуо гуфтан ба фарози кӯҳе баромад ва тамоми шаб ба Худо дуо гуфт.


Пас хоҳиш дорам, ки мардон дастҳои муқаддасро бе ғазаб ва шубҳа боло бардошта, дар ҳар ҷо дуо гӯянд;


Ва Ҷидъӯн ва сад нафаре ки бо ӯ буданд, ба канори ӯрду дар ибтидои поси миёна, вақте ки посбонон навакак иваз шуда буданд, расида, шохҳоро навохтанд ва кӯзаҳоро, ки дар дасташон буд, шикастанд.


Вале Ҳанно ҷавоб гардонида, гуфт: «Не, оғоям; ман зани дилшикастае ҳастам, ва шаробу арақ наменӯшам, балки дили худро ба ҳузури Худованд холӣ кардам.


Ва онҳо дар Мисфо ҷамъ шуданд, ва об кашида, ба ҳузури Худованд рехтанд, ва дар он рӯз рӯза доштанд, ва дар он ҷо гуфтанд: «Мо ба ҳузури Худованд гуноҳ кардаем». Ва Самуил банӣ‐Исроилро дар Мисфо доварӣ намуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan