Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 2:18 - Китоби Муқаддас 1992 1999

18 Дили онҳо сӯи Худованд фарьёд мекунад: эй ҳисори духтари Сион! Рӯзу шаб мисли ҷӯйбор ашк рез, ба худат оромӣ надеҳ, гавҳараки чашмат қарор наёбад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 2:18
14 Iomraidhean Croise  

Ва агар шумо инро нашнавед, ҷони ман аз дидани ғурури шумо ба таври пинҳонӣ гирья хоҳад кард; ва чашми ман зор‐зор гириста, ашк хоҳад рехт, зеро ки рамаи Худованд ба асирӣ бурда шудааст.


Ва ин каломро ба онҳо бигӯй: „Бигзор чашмонам шабу рӯз ашк резад, ва ашкаш хотима наёбад; зеро ки духтари бокираи қавми ман бо шикасти азиме шикаст хӯрдааст, бо зарбае ки ҳалокатовар аст.


Зеро овозе ба гӯшам мерасад, мисли фарьёди зане ки дарди зоиш дорад ва ҳамчун зани навзой азоб мекашад, яъне овози духтари Сион, ки базӯр нафас гирифта ва дастҳои худро дароз карда, фиғон мекашад: «Эй вой бар ман, ки ҷонам аз дасти қотилон бемаҷол шудааст!»


Кошки сари ман чашмаи об мебуд, ва чашмонам — чашмаи ашк! Рӯзу шаб барои шаҳидони духтари қавми худ мегиристам.


Дар ҳаққи инҳо ман гирья мекунам: аз чашмам, аз чашмам об мерезад, зеро тасаллидиҳандае ки ҷонамро қувват медода бошад, аз ман дур шудааст; писаронам хонавайрон шудаанд, зеро ки душман зӯр баромадааст».


Шабонгоҳ вай зор‐зор мегирьяд, ва ашкҳои вай бар рухсораҳои вай аст. Аз байни ҳамаи ошиқонаш барои вай тасаллидиҳандае нест: ҳамаи ёронаш ба вай хиёнат кардаанд, ба вай душман шудаанд.


Худованд қарор додааст, ки ҳисори духтари Сионро хароб кунад; шоқул кашида, дасти Худро аз талаф кардан бознадоштааст; ва истеҳком ва ҳисорро, ки якҷоя ба хок яксон шудаанд, кисвати сӯгворӣ пӯшонидааст.


Ва онҳо бо дили худ сӯи Ман истиғоса набурданд, ҳангоме ки бар бистарҳои худ фиғон мекашиданд; барои ғалла ва шароб ҷамъ шуда, бар зидди Ман исьён мекунанд.


Зеро ки санг аз девор фарьёд мезанад, ва ғӯлаи чӯб ба он ҷавоб мегардонад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan