Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 2:17 - Китоби Муқаддас 1992 1999

17 Худованд он чи қарор дода буд, иҷро кардааст; амреро, ки аз қадимулайём фармуда буд, ба амал овардааст: хароб намуда, раҳме накардааст ва душманро бар ту шод гардонда, шохи адуёнатро баланд бардоштааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 2:17
28 Iomraidhean Croise  

Ман Исроилро аз рӯи замине ки ба онҳо додаам, маҳв хоҳам кард, ва хонаеро, ки ба исми Худ тақдис намудаам, аз ҳузури Худ дур хоҳам андохт, ва Исроил дар миёни ҳамаи қавмҳо зарбулмасал ва хандахариш хоҳад шуд.


Эй тамоми замини Фалиштӣ, шодӣ накун, ки чӯбдасте ки туро мезад, шикастааст; зеро ки аз решаи мор афъӣ мебарояд, ва самараи он — аждаҳои паррон хоҳад буд.


Ва акнун ту ба мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим муроҷиат намуда, бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате барои шумо муҳайё менамоям, ва қасде ба муқобили шумо дорам; пас шумо ҳар яке аз роҳи бади худ баргардед, ва роҳҳо ва аъмоли худро ислоҳ намоед“.


Замин дар ин хусус мотам хоҳад гирифт, ва осмон аз боло тира хоҳад шуд, зеро ки Ман инро гуфтам ва азм намудам, ва пушаймон нахоҳам шуд, ва аз ин азм нахоҳам гашт».


Ва Худованд онро оварда, гуфтаи Худро иҷро кардааст, чунки шумо ба ҳузури Худованд гуноҳ кардаед ва ба овози Ӯ гӯш надодаед, ба ин сабаб ин мусибат бар шумо омадааст.


Адуёнаш сарбаланд шудаанд, душманонаш комронӣ мекунанд, зеро ки Худованд варо аз боиси гуноҳҳои бисьёраш ғамгин кардааст; кӯдаконаш пешопеши аду ба асирӣ рафтаанд.


Худованд қарор додааст, ки ҳисори духтари Сионро хароб кунад; шоқул кашида, дасти Худро аз талаф кардан бознадоштааст; ва истеҳком ва ҳисорро, ки якҷоя ба хок яксон шудаанд, кисвати сӯгворӣ пӯшонидааст.


Худро бо ғазаб пӯшонида, моро таъқиб намудаӣ, куштаӣ, раҳме накардаӣ;


Худованд хашми Худро ба анҷом расондааст, шиддати ғазаби Худро фурӯ рехтааст ва оташе дар Сион афрӯхтааст, ки он асосҳои варо хӯрдааст.


Бинобар ин ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, азбаски ту хонаи муқаддаси Маро бо тамоми қабоҳати худ ва бо тамоми аъмоли зишти худ палид кардаӣ, Ман низ эътино нахоҳам кард, ва чашмам риққат нахоҳад овард, Ман низ раҳм нахоҳам кард.


Бинобар ин Ман низ бо ғазаб амал хоҳам намуд: чашмам риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард, ва ҳарчанд ба гӯшҳои Ман бо овози баланд бихонанд, онҳоро иҷобат нахоҳам намуд».


Бинобар ин чашми ман низ риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард: подоши рафторашонро бар сарашон хоҳам овард».


Ва Ӯ каломи Худро, ки дар ҳаққи мо ва дар ҳаққи доварони мо, ки бар мо доварӣ мекарданд, гуфта буд, иҷро намуда, бар мо мусибати бузурге овард, ки мисли он зери тамоми осмон ба амал наомадааст, чунон ки дар Ерусалим ба амал омадааст;


Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: «Инак, Ман бар зидди ин қабила мусибате меандешам, ки шумо гардани худро аз он натавонед берун овард, ва қомат рост карда мағрурона роҳ нахоҳед рафт, зеро ки ин замони мусибат аст.


«Ҳамаро аз рӯи замин тамоман маҳв мекунам», мегӯяд Худованд.


Аммо суханони Ман ва фароизи Ман, ки ба бандагони Худ анбиё амр фармуда будам, магар ба сари падарони шумо наомад? Ва онҳо баргаштанд ва гуфтанд: „Чунон ки Худованди лашкарҳо қарор дода буд, ки бо мо мувофиқи роҳҳоямон ва корҳоямон амал намояд, ончунон бо мо амал намуд“».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan