Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 2:15 - Китоби Муқаддас 1992 1999

15 Ҳамаи роҳгузарон дар ҳаққи ту даст бар ҳам месоянд, ҳуштак кашида, ба ҳоли духтари Ерусалим сар меҷунбонанд: «Оё ҳамин аст шаҳре ки онро камоли зебоӣ, шодии тамоми замин мегуфтанд?»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 2:15
38 Iomraidhean Croise  

Чунин аст сухане ки Худованд дар бораи вай гуфтааст: духтари бокираи Сион аз ту нафрат намуда, туро тамасхур кардааст, ва духтари Ерусалим аз қафои ту сар ҷунбонидааст!


Ва дар ҳаққи ин хона, ки олишукӯҳ буд, ҳар касе ки аз пеши он бигзарад, аз харобии он дар ҳайрат монда, хоҳад гуфт: „Аз чӣ сабаб Худованд ба ин замин ва ба ин хона чунин амал намудааст?“


Инро бишнавед, эй ҳамаи қавмҳо! Гӯш андозед, эй ҳамаи сокинони дуньё!


Ҳам одамони оддӣ ва ҳам шахсони наҷиб; сарватдор ва мискин якҷоя.


Вақте ки пеши ӯ, баъд аз даромаданаш назди Батшобаъ, Нотони набӣ омад.


Талотуми баҳрҳоро — талотуми мавҷҳои онҳоро, ва ошӯби қабилаҳоро сокит мекунӣ.


Зеро Худованд ҳамон тавре ки бар кӯҳи Просим воқеъ шуда буд, қиём хоҳад кард, ҳамон тавре ки дар водии Ҷибъӯн воқеъ шуда буд, ба ғазаб хоҳад омад, то ки амали Худро, амали аҷиби Худро ба ҷо оварад, ва кори Худро, кори ғариби Худро анҷом диҳад.


Чунин аст сухане ки Худованд дар бораи вай гуфтааст: духтари бокираи Сион аз ту нафрат намуда, туро тамасхур кардааст, ва духтари Ерусалим аз қафои ту сар ҷунбонидааст!


Хонаи қудси мо ва ҷалоли мо, ки падарони мо дар он Туро ҳамду сано мехонданд, тӯъмаи оташ гардидааст, ва ҳар он чи барои мо азиз буд, харобазор шудааст.


То ки замини худро ба биёбон табдил дода, боиси мадҳушии абадӣ гардонанд, ба тавре ки ҳар касе ки аз он гузар кунад, дар ҳайрат афтода, сари худро хоҳад ҷунбонид.


Ва ин шаҳрро ба биёбон табдил дода, боиси мадҳушӣ хоҳам гардонид, ба тавре ки ҳар касе ки аз он гузар кунад, дар ҳайрат афтад ва аз дидани ҳамаи захмҳояш мадҳуш шавад.


Ба Ерусалим ва шаҳрҳои Яҳудо, ва ба подшоҳонаш ва миронаш, то ки онҳоро вайронаю валангор ва мавриди масхараю лаънат гардонам, чунон ки имрӯз аст;


Инак, Ман мефиристам ва ҳамаи қабилаҳои шимолро бо бандаи Худ Набукаднесар подшоҳи Бобил гирифта, онҳоро бар ин замин ва бар сокинонаш ва бар ҳамаи халқҳои гирду атрофи он меоварам; ва онҳоро талаф намуда, даҳшат ва масхара ва харобазори абадӣ мегардонам.


Пас ин хонаро Ман мисли Шилӯ хоҳам гардонид, ва ин шаҳрро барои ҳамаи халқҳои замин рамзи лаънат хоҳам сохт“».


Ва онҳоро бо шамшер, қаҳтӣ ва вабо таъқиб хоҳам намуд, ва онҳоро барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат, ва дар миёни ҳамаи халқҳое ки онҳоро ба он ҷо бадар рондаам, ба лаънат ва воҳима ва масхара ва нанг табдил хоҳам дод, —


Оё Исроил барои ту хандазор нашуда буд? Оё вай дар миёни дуздон ёфт шуда буд, ки ҳар бор ту дар бораи вай сухан мерондӣ, бо нафрат калла меҷунбондӣ?


Ва Бобил ба сангтӯдаҳо, ба маъвои шағолон, ба мавриди даҳшат ва масхара табдил ёфта, ғайримаскун хоҳад шуд.


Мешунаванд, ки ман оҳу воҳ мекунам, аммо тасаллидиҳандае барои ман нест; ҳамаи душманонам мусибати маро шунида шод шудаанд, ки Ту инро дар ҳаққи ман кардаӣ. Кошки он рӯзи эълонкардаи Худро меовардӣ, ва онҳо мисли ман мешуданд!


Ерусалим гуноҳи азиме кардааст, аз ин сабаб кароҳатангез шудааст: ҳамаи онҳое ки варо мӯҳтарам медоштанд, ба вай беэътиноӣ мекунанд, зеро ки урьёнии варо дидаанд; худаш низ оху воҳ мекунад ва рӯ ба қафо мегардонад.


Ҳамаи душманонат даҳони худро бар ту кушодаанд, ҳуштак кашида ва дандон ғиҷиррос занонда, мегӯянд: «Онро талаф кардем! Ҳай‐ҳай, ин ҳамон рӯз аст, ки дар интизораш будем ва ҳоло ба он ноил шудаем, онро ба чашми худ дидаем!»


Ва хаймаи Худро мисли боғ аз миён бардошта, ҷамъомадгоҳи Худро хароб кардааст. Худованд дар Сион рӯзҳои ид ва шанберо фаромӯш кунонидааст ва дар шиддати ғазаби Худ подшоҳ ва коҳинро хорузор намудааст.


Ва ту бо тилло ва нуқра зинат ёфтӣ, ва либосат аз катони нозук ва абрешим ва матои гулдӯзӣ иборат буд; орди маҳин ва асал ва равған мехӯрдӣ, ва ҳусну адоят ниҳоятдараҷа афзуда, ту сазовори шавкати подшоҳӣ гардидӣ.


Ва номи ту ба сабаби ҳуснат дар миёни халқҳо шӯҳрат ёфт, зеро ки он ба хотири шавкате ки Ман ба ту бахшида будам, комил гардид, мегӯяд Худованд Худо.


Худованд Худо чунин мегӯяд: Ту косаи амиқу васеи хоҳари худро хоҳӣ нӯшид, ва мавриди истеҳзо ва тамасхур хоҳӣ гардид, чунки гунҷоиши он бузург аст.


Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски ту чапак задӣ ва пой кӯфтӣ, ва бо тамоми нафрате ки аз замини Исроил дар дили худ дорӣ, шодӣ кардӣ,


Ва ҳангоме ки бар ту бо хашм ва ғазаб ва мазамматҳои сахт довариҳо намоям, ин барои халқҳое ки дар гирди ту мебошанд, сабаби нанг ва дашном ва ибрат ва даҳшат хоҳад буд; Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам.


Худовандо! Лутфан, бар ҳасби тамоми адолати Ту, бигзор хашми Ту ва ғазаби Ту аз шаҳри Ту Ерусалим, аз кӯҳи муқаддаси Ту баргардад, зеро ки аз боиси гуноҳҳои мо ва маъсиятҳои падарони мо Ерусалим ва қавми Ту дар назари ҳамаи онҳое ки дар гирду пеши мо ҳастанд, шармсор гардидааст.


Ва фароизи Омрӣ ва тамоми аъмоли хонадони Аҳъоб нигоҳ дошта мешавад, ва шумо бар тибқи машваратҳои онҳо рафтор мекунед, то ки туро ба харобӣ, ва сокинонашро ба истеҳзо гирифтор намоям, ва нанги қавми Маро шумо хоҳед бардошт».


Барои шикасти ту муолиҷае нест, зарбае ки ту хӯрдаӣ, даво надорад; ҳамаи онҳое ки ин хабарро дар бораи ту шунидаанд, ба ҳоли ту чапак заданд, зеро кист, ки бадии ту ба вай ҳамеша нарасида бошад?


Ин шаҳри пурсурур, ки бепарвоёна умр ба сар бурда, дар дили худ мегуфт: «Ман ҳастам, ва ғайр аз ман дигаре нест», чӣ гуна хароб гардида, ба маскани ҳайвонот табдил ёфтааст! Ҳар касе ки аз пеши он бигзарад, ба ҳоли он ҳуштак зада, даст хоҳад афшонид.


Ва роҳгузарон Ӯро дашном дода ва сар ҷунбонда,


Ва роҳгузарон Ӯро дашном дода ва сар чунбонда, мегуфтанд: «Эй! Ту ки маъбадро вайрон карда, дар се рӯз аз нав бино мекунӣ!


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan