Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 2:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Анбиёи ту чизҳои ботил ва беаслро барои ту пешгӯӣ намудаанд ва гуноҳатро ошкор накардаанд, то ки хавфи асирии туро пешгирӣ намоянд, балки нубувватҳои ботил ва хаёлҳои хомро барои ту изҳор кардаанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 2:14
31 Iomraidhean Croise  

«Бо тамоми овоз хитоб намо, худдорӣ накун! Овози худро мисли шох баланд карда, ба қавми Ман ҷинояташонро, ва ба хонадони Яъқуб гуноҳашонро эълон намо.


Коҳинон нагуфтанд: „Худованд куҷост?“ Ва шариатдонон Маро нашинохтанд, ва чӯпонон ба Ман осӣ шуданд; ва анбиё ба исми Баал нубувват карданд, ва аз қафои чизҳое рафтанд, ки фоида намебахшад.


Ва ту, эй Пашҳур, ва ҳамаи сокинони хонаи ту ба асирӣ хоҳед рафт; ва ба Бобил хоҳӣ расид, ва дар он ҷо хоҳӣ мурд, ва дар он ҷо дафн карда хоҳӣ шуд, — ту, ва ҳамаи дӯстонат, ки барояшон ту нубуввати бардурӯғ мекардӣ».


Ва агар онҳо дар машварати Ман меистоданд, мебоист суханони Маро ба қавми Ман мефаҳмонданд, ва онҳоро аз роҳи бадашон ва аз аъмоли шариронаашон мегардонданд.


Валекин „бори Худованд“‐ро дигар зикр накунед, зеро ки бор барои кас сухане ки вай мегӯяд, хоҳад буд, ва ҳол он ки шумо суханони Худои Ҳай, Худованди лашкарҳо, Худои моро таҳриф намудаед.


Ва Ирмиёи набӣ ба Ҳананьёи набӣ гуфт: «Бишнав, эй Ҳананьё! Худованд туро нафиристодааст, ва ту қавмро бардурӯғ умедвор мекунӣ.


Худованди лашкарҳо, Худои Исроил дар бораи Аҳъоб ибни Қӯлоё ва дар бораи Сидқиё ибни Маасиё, ки ба исми Ман ба шумо бардурӯғ нубувват мекунанд, чунин мегӯяд: инак, Ман онҳоро ба дасти Набукаднесар подшоҳи Бобил хоҳам супурд, ва ӯ онҳоро дар пеши назари шумо хоҳад кушт.


Ва анбиёи шумо куҷоянд, ки ба шумо нубувват намуда гуфта буданд: „Подшоҳи Бобил ба муқобили шумо ва ба муқобили ин замин нахоҳад омад“?


Анбиё бардурӯғ нубувват менамоянд, ва коҳинон бо ёрии онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва қавми Ман инро дӯст медоранд. Ва шумо дар охири ин чӣ хоҳед кард?


Аз боиси хатоҳои анбиёи он ва гуноҳҳои коҳинони он, ки хуни одилонро андаруни он мерехтанд;


Азбаски шумо дили марди одилро ба воситаи дурӯғи худ ғамгин мекунед, — ва ҳол он ки Ман намехостам ғамгин намоям, — ва дастҳои марди шарирро тақвият медиҳед, бе он ки вай аз рафтори бади худ тавба карда, зинда монад,


Суиқасди анбиёи он андаруни он мисли шери ғурронест, ки нахҷирро медарад; онҳо ҷонҳоро меҳӯранд, молу мулк ва чизҳои гаронбаҳоро мегиранд, бевагонро андаруни он афзун мекунанд.


Ва анбиёи он барои онҳо бо лои нобоб андова карда, рӯъёҳои ботил мебинанд ва барои онҳо фоли дурӯғ зада, мегӯянд: «Худованд Худо чунин мегӯяд», ва ҳол он ки Худованд чизе ба онҳо нагуфтааст.


Ва Худованд ба ман гуфт: «Эй писари одам! Оё мехоҳӣ бар Оҳола ва Оҳолиба доварӣ намоӣ? Пас, аъмоли зишташонро ба онҳо баён намо.


Айёми ҷазо наздик меояд, айёми подош фаро мерасад, — Исроил хоҳанд донист, ки оё набӣ беақл буд ва оё соҳиби рӯҳ девона буд, — ба сабаби гуноҳи бисьёр ва адовати бузурги ту.


Агар шахси бодии дурӯғгӯе козибона мегуфт: „Барои ту дар бораи шароб ва арақ нубувват хоҳам кард“, — вай набии дилхоҳе барои ин қавм мебуд.


Валекин ман ба воситаи Рӯҳи Худованд аз қувват ва инсоф ва мардонагӣ пур шудаам, то ки ба Яъқуб дар бораи ҷинояташ ва ба Исроил дар бораи гуноҳаш сухан ронам.


Анбиёяш шахсони сабукмағз ва ғаддор ҳастанд; коҳинонаш қудсро палид, ва шариатро хор мекунанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan