Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 2:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Чӣ шаҳодате барои ту бидиҳам, чӣ қиёсе барои ту биёварам, эй духтари Ерусалим? Чиро ба ту ташбеҳ намоям, то ки туро тасаллӣ диҳам, эй духтари бокираи Сион? Зеро ки шикасти ту мисли баҳр бузург аст, ва кист, ки туро тавонад шифо диҳад?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 2:13
14 Iomraidhean Croise  

Ва Довуд ба Баал‐Фаросим омад, ва дар он ҷо Довуд ба онҳо шикаст расонда, гуфт: «Худованд душманонамро аз пешам маҳв намуд, чунон ки селоб маҳв менамояд». Бинобар ин номи он макон Баал‐Фаросим хонда шудааст.


Чунин аст сухане ки Худованд дар бораи вай гуфтааст: духтари бокираи Сион аз ту нафрат намуда, туро тамасхур кардааст, ва духтари Ерусалим аз қафои ту сар ҷунбонидааст!


Тазаррӯи маро, эй Худо, бишнав, дуоямро иҷобат намо.


Чунин аст сухане ки Худованд дар бораи вай гуфтааст: духтари бокираи Сион аз ту нафрат намуда, туро тамасхур кардааст, ва духтари Ерусалим аз қафои ту сар ҷунбонидааст!


Ва ин каломро ба онҳо бигӯй: „Бигзор чашмонам шабу рӯз ашк резад, ва ашкаш хотима наёбад; зеро ки духтари бокираи қавми ман бо шикасти азиме шикаст хӯрдааст, бо зарбае ки ҳалокатовар аст.


Магар Ту Яҳудоро тамоман рад кардаӣ? Магар ҷони Ту аз Сион нафрат намудааст? Чаро моро тавре зарба задаӣ, ки барои мо ҳеҷ шифое нест? Осоиштагиро умедвор шудем, ва ҳеҷ хайре нест; ва замони шифоро интизор шудем, ва инак, даҳшат падид омад.


Оё баласон дар Ҷилъод нест? Оё табибе дар он ҷо нест? Пас чаро духтари қавми ман шифо наёфтааст?


Бигзор онҳо шитоб намуда, барои мо навҳагарӣ кунанд, то ки аз чашмони мо сиришк резад, ва аз мижгони мо об ҷорӣ шавад.


«Бигзор ин ба шумо, эй ҳамаи роҳгузарон, рӯй надиҳад. Назар андозед ва бубинед, ки оё дарде мисли дарди ман ҳаст, ки он ба сари ман омадааст, ва Худованд дар рӯзи шиддати ғазаби Худ маро ғамгин кардааст?


Фиръавн онҳоро дида, дар хусуси тамоми анбӯҳи худ тасаллӣ хоҳад ёфт; фиръавн ва тамоми лашкари ӯ мақтулони шамшер хоҳанд буд, мегӯяд Худованд Худо.


Ва Ӯ каломи Худро, ки дар ҳаққи мо ва дар ҳаққи доварони мо, ки бар мо доварӣ мекарданд, гуфта буд, иҷро намуда, бар мо мусибати бузурге овард, ки мисли он зери тамоми осмон ба амал наомадааст, чунон ки дар Ерусалим ба амал омадааст;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan