Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 2:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Чашмонам аз ашк оҷиз шудааст, амъоям ҷӯш мезанад, ҷигарам аз шикасти духтари қавми ман бар замин мерезад, вақте ки кӯдакон ва ширмакон дар кӯчаҳои шаҳр беҳуш шуда меғалтанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 2:11
26 Iomraidhean Croise  

Камонандозони Ӯ маро иҳота кардаанд. Гурдаҳоямро реш мекунанд, ва раҳмаш намеояд; заҳраи маро бар замин мерезад;


Амъоям ба ҷӯш меояд ва ором намеёбад; рӯзҳои мусибат маро истиқбол намудааст.


Мисли асп, мисли хачир бефаҳм набошед, ки онҳоро сӯлуқ ва ҷилав мезананд, ки ин зинат барои нигоҳ доштани онҳост, вагар на наздики ту нахоҳанд омад».


Ва акнун, эй Худованд, ман чиро умедвор бошам? Умеди ман бар Туст.


Аз оҳу воҳи худ лакот шудаам; тамоми шаб ҷогаҳамро ғарқи об мекунам: бо ашки худ бистарамро тар мекунам.


Бигзор толибони ҷонам хиҷил ва шарманда шаванд; бадхоҳонам қафо гарданд ва расво шаванд;


Бинобар ин мегӯям: «Аз ман дур шавед, ман зор‐зор хоҳам гирист; барои тасаллӣ додани ман дар бораи таҳлукаи духтари қавми ман саъю кӯшиш накунед».


Мисли фароштурук, мисли лайлак ман садо мебаровардам, мисли кабӯтар нолиш мекардам; чашмонам сӯи афроз баланд мешуд: Худовандо! Гирифтори ситам ҳастам; маро халосӣ бидеҳ.


Писарони ту бемаҷол гардида, дар сари ҳар кӯча мисли говмеши ба домафтодае хобидаанд, дар ҳолате ки аз ғазаби Худованд, аз итоби Худои ту пур шудаанд.


Ва ин каломро ба онҳо бигӯй: „Бигзор чашмонам шабу рӯз ашк резад, ва ашкаш хотима наёбад; зеро ки духтари бокираи қавми ман бо шикасти азиме шикаст хӯрдааст, бо зарбае ки ҳалокатовар аст.


Амъои ман, амъои ман! Маро ларза гирифатаст! Пардаҳои дили ман! Дили ман андаруни ман ба ҳаяҷон омадааст, наметавонам хомӯш монам; зеро ки ту, эй ҷони ман, овози шох ва нидоҳои ҷангро шунидаӣ.


Ва акнун Худованд, Худои лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: чаро шумо шарорати азиме бар ҷонҳои худ ба амал меоваред, то ки дар миёни худ мард ва зан, кӯдак ва ширмакро аз Яҳудо талаф намоед, ва аз худ бақияе боқӣ нагузоред,


Инак, истиғосаи духтари қавми худро аз кишвари дурдаст мешунавам: «Магар Худованд дар Сион нест? Магар Подшоҳаш дар он нест?» — «Чаро онҳо Маро бо бутҳои худ, бо батолатҳои бегона ба ғазаб оварданд?»


Тамоми қавми вай оҳу воҳ карда, нон мечӯянд, нозу неъматҳои худро дар бадали хӯрок додаанд, то ки зинда бимонанд. «Худовандо! Назар андоз ва бубин, ки ман чӣ гуна залил шудаам».


Дар ҳаққи инҳо ман гирья мекунам: аз чашмам, аз чашмам об мерезад, зеро тасаллидиҳандае ки ҷонамро қувват медода бошад, аз ман дур шудааст; писаронам хонавайрон шудаанд, зеро ки душман зӯр баромадааст».


Худовандо, назар андоз, зеро ки дар тангӣ ҳастам: амъоям ҷӯш мезанад, дилам андарунам чаппа шудааст, зеро ки бағоят саркашӣ кардаам; аз берун шамшер нобуд мекард, чунон ки дар хона мамот ҳукмфармо буд.


Барои ин доим дили мо дард мекунад, барои инҳо чашмони мо хира шудааст:


Зеро айёме меояд, ки хоҳанд гуфт: „Хушо нозоён, ва шикамҳое ки назоидаанд, ва пистонҳое ки шир надодаанд!“


Ва Довуд ва қавме ки бо ӯ буданд, овози худро баланд карда, гиристанд, то ба дараҷае ки дигар маҷоли гиристан надоштанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan