10 Пирони духтари Сион бар замин хомӯш нишастаанд, бар сари худ хокистар пошида, палос пӯшидаанд; дӯшизагони Ерусалим сари худро сӯи замин хам кардаанд.
Ва Томор хокистар бар сари худ пошид, ва куртаи рангорангро, ки дар бар дошт, дарронид, ва дастҳояшро бар сараш гузошта, мерафту фарьёд мезад.
Дар кӯчаҳои он мардум бар камари худ палос бастаанд; бар бомҳои он ва дар майдонҳои он ҳама вовайло мекунанд, зор‐зор мегирьянд.
Ва дар ивази роиҳаи атр тааффуни рим хоҳад буд; ва дар ивази камарбанд — арғамчин; ва дар ивази гесӯи пурпечу хам — калӣ; ва дар ивази либоси фарох — фӯтае аз палос; ва дар ивази зебоӣ — тамға.
Ва дарвозаҳои он нола хоҳад кард ва мотам хоҳад гирифт, ва он тиҳӣ гардида, бар замин хоҳад нишаст.
Ва Ильёқим ибни Ҳилқиё, ки нозири боргоҳ буд, ва Шебнои мирзо, ва Юоҳ ибни Ософи вақоеънавис бо ҷомаҳои чокзада назди Ҳизқиё омаданд, ва суханони Рабшоқеро ба ӯ гуфтанд.
Фурӯд омада, бар хок бинишин, эй духтари бокираи Бобил! Бе курсӣ, бар замин бинишин, эй духтари калдониён! Зеро ки дигар туро нозанин ва латиф нахоҳанд хонд.
Хомӯш бинишин ва ба зулмот бирав, эй духтари калдониён! Зеро ки дигар туро хотуни мамлакатҳо нахоҳанд хонд.
Пас, мо чаро нишастаем? Ҷамъ шавед, то ки ба шаҳрҳои истеҳкомдор равем, ва дар он ҷо талаф шавем; зеро ки Худованд Худои мо моро гирифтори ҳалокат кардааст, ва моро оби заҳрдор нӯшонидааст, чунки пеши Худованд гуноҳ кардаем.
Чӣ гуна он шаҳре ки серодам буд, яккаву танҳо нишастааст, он шаҳре ки дар миёни халқҳо бузург буд, мисли бевазане шудааст, он шаҳре ки бар кишварҳо хукмфармо буд, хироҷгузор гардидааст!
Роҳҳои Сион мотам гирифтааст, чунки мардум дар идҳо ба зиёрат намеоянд; ҳамаи дарвозаҳояш хароб шудааст; коҳинонаш оҳу воҳ мекунанд, дӯшизагонаш ғамгинанд, ва худаш талхком аст.
Вай танҳо нишаста, сукут хоҳад кард, зеро ки Худованд юғро бар вай ниҳодааст;
Хашми Худованд онҳоро пароканда хоҳад кард, дигар ба онҳо назари нек нахоҳад кард: дар он ҷо коҳинонро рӯихотир намекунанд ва ба пирон раҳм надоранд.
Онҳое ки нуқлу наво мехӯрданд, дар кӯчаҳо бемаҷол шудаанд; онҳое ки бар бистари абрешимин парвариш меёфтанд, ахлоттӯдаҳоро ба оғӯш мекашанд.
Мирон бо дасти онҳо ба дор кашида мешаванд, пирон эҳтиром надоранд.
Пирон дигар назди дарвоза наменишинанд; ҷавонон сурудгӯӣ намекунанд.
Ва дар ҳаққи ту овози худро баланд карда, бо талхӣ фарьёд мезананд, ва хок бар сари худ рехта, дар хокистар меғеланд;
Ва барои ту мӯйсари худро тамоман тарошида, палос мепӯшанд, ва бо талхии ҷон барои ту зор‐зор гириста, навҳа мекунанд;
Ва палос дар бар хоҳанд кард, ва ларза онҳоро фаро хоҳад гирифт; ва бар ҳамаи рӯйҳо хиҷолат дида хоҳад шуд, ва мӯйсари ҳамаашон тарошида хоҳад шуд.
Мисли дӯшизае ки барои шавҳари ҷавонии худ палос пӯшида бошад, навҳа намо.
Бинобар ин шахси бохирад дар ин замон хомӯш мемонад, зеро ки замони бад аст.
Дар он рӯз дӯшизагони соҳибҷамол ва ҷавонон аз ташнагӣ беҳуш хоҳанд шуд;
Ва сурудҳои қаср дар он рӯз ба навҳа табдил хоҳад ёфт», мегӯяд Худованд Худо, «лошаҳо бисьёр хоҳад шуд, ва дар ҳар ҷо онҳоро хомӯшона берун хоҳанд партофт».
Ва ин гап ба гӯши подшоҳи Нинве расид, ва ӯ аз тахти худ бархоста, ҷомаи салтанатро аз худ дур кард, ва палос пӯшида, бар хокистар нишаст,
Ва Еҳушаъ либосҳояшро чок зад, ва пеши сандуқи Худованд то шом рӯ ба замин афтод, — ӯ ва пирони Исроил, — ва хок бар сари худ пошиданд.
Ва ба сарҳошон хок пошиданд ва фарьёд зада, бо гирья ва навҳа гуфтанд: „Вой, вой бар ҳоли ин шаҳри бузург, ки аз чизҳои гаронбаҳои вай ҳамаи онҳое ки дар баҳр киштӣ доштанд, сарватдор шудаанд! Зеро ки дар як соат вай хароб гардидааст.“