Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 1:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Наҷосати вай бар домани вай буд, лекин ояндаи худро ба ёд намеовард; бинобар ин ба таври хайратангез ба залолат афтодааст, ва тасаллидиҳандае барои вай нест. «Худовандо! Мазаллати маро бубин, зеро ки душман мутакаббир шудааст».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 1:9
46 Iomraidhean Croise  

Шояд, Худованд залолати маро бубинад, ва Худованд дар бадали дашноми имрӯзаи вай ба ман подоши неке бидиҳад».


Зеро Худованд мусибати Исроилро дид, ки бағоят талх аст, ба тавре ки на бандие мондааст, на озоде ва на мададгоре барои Исроил,


Ва алҳол, эй Худои мо, эй Худои бузург, ҷаббор ва саҳмгин, ки аҳд ва марҳаматро нигоҳ медорӣ! Бигзор тамоми он азобу уқубате ки бар мо: бар подшоҳони мо, бар сарварони мо, ва бар коҳинони мо, ва бар анбиёи мо, ва бар падарони мо, ва бар тамоми қавми Ту аз айёми подшоҳони Ашшур то имрӯз омадааст, ба хузури Ту кам нанамояд.


Аммо чашмонам сӯи Туст, эй Худованд, Худованд! Ба Ту паноҳ мебарам, ҷонамро нобуд накун.


Ва гуфтаам: шуморо аз азобу уқубати Миср ба замини канъониён, ва ҳиттиён, ва амӯриён, ва фариззиён, ва ҳиввиён, ва ябусиён хоҳам баровард, ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист»“.


Ва Худованд гуфт: «Мазаллати қавми Худро дар Миср дидам, ва фиғони онҳоро аз дасти зулмкунандагонашон шунидам, ба тавре ки дарду озори онҳоро медонам.


Ва қавм имон оварданд; ва чун фаҳмиданд, ки Худованд банӣ‐Исроилро тафаққуд намуда, мазаллати онҳоро дидааст, онҳо сар хам карда, саҷда бурданд.


Ва ман боз назар андохта, ҳамаи ситамҳоеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, дидам; ва инак ашкҳои ситамкашон, вале барои онҳо тасаллидиҳандае нест; ва қувват дар дасти ситамкунандагони онҳост, вале барои онҳо тасаллидиҳандае нест.


Ба ин минвол Ерусалим бесару сомон шудааст, ва Яҳудо фурӯ ғалтидааст, зеро ки забони онҳо ва аъмоли онҳо бар зидди Худованд аст, то ки чашмони ҷалоли Ӯро ба хашм оваранд.


Гӯши Худро, эй Худованд, хам карда, бишнав; чашмони Худро, эй Худованд, кушода, бубин; ва ҳамаи суханони Санҳерибро, ки барои таҳқир кардани Худои Ҳай фиристодааст, бишнав.


Киро ту таҳқир намудаӣ ва дашном додаӣ? Ва дар ҳаққи кӣ овоз баланд кардаӣ ва чашмони худро боло бардоштаӣ? Дар ҳаққи Куддуси Исроил!


Азбаски адовате ки ба Ман дорӣ, ва лоуболии ту ба гӯши Ман расидааст, бинобар ин маҳори Худро ба бинии ту, ва ҷилави Худро ба даҳони ту хоҳам зад, ва туро бо роҳе ки омадаӣ, хоҳам баргардонид.


Шояд, Худованд, Худои ту, суханони Рабшоқеро, ки оғояш подшоҳи Ашшур ӯро барои таҳқир кардани Худои Ҳай фиристодааст, бишнавад ва ӯро аз барои суханоне ки Худованд, Худои ту, шунидааст, ҷазо диҳад; пас, барои ин бақияе ки вуҷуд доранд, дуое бигӯй“».


Суханони дилпазир ба Ерусалим гӯед ва ба вай зълон намоед, ки мӯҳлати муборизаи вай пур шудааст, гуноҳаш подош ёфтааст, зеро ки вай барои ҳамаи хатоҳояш аз дасти Худованд дучандон ҷазо дидааст.


Ва ту гуфтӣ: «То абад хотун хоҳам буд», то ба дараҷае ки ба ҳамаи ин чизҳо диққат надодӣ, ва оқибати корро ба хотир наовардӣ.


Ду фалокат ба сари ту омадааст, — кист, ки ба ту ҳамдардӣ изҳор кунад? Таҳлука ва шикаст, қаҳтӣ ва шамшер! Кист, ки туро тасаллӣ диҳад?


Эй шӯрбахт, ки дар изтироб афтодаӣ ва тасаллӣ наёфтаӣ! Инак, Ман сангҳои туро бар сурма хоҳам ниҳод, ва буньёди туро бар ёқути кабуд.


Фиску фуҷури ту ва ваҷди шаҳвонии ту, зиштии зинокории ту ва қабоҳатҳои туро бар теппаҳои саҳро дидаам. Вой бар ту, эй Ерусалим! Пас аз ин ту то ба кай пок нахоҳӣ шуд?»


Ва барои онҳо нон нахоҳанд шикаст, то ки ба мотамдорон дар бораи мурдагонашон таъзия баён кунанд, ва ба онҳо косаи таъзиятро дар бораи падар ё модарашон нахоҳанд нӯшонид.


Дар домани либосат низ хуни ҷонҳои мискинони бегуноҳ ёфт шуд: агарчи онҳоро дар вақти дуздӣ наёфтаӣ, бо вуҷуди ҳамаи инҳо,


Ӯро маст кунед, зеро ки ӯ пеши Худованд такаббур намудааст, ва бигзор Мӯоб дар қаи худ ғӯта занад, ва ӯ низ хандазор шавад.


Анбиё бардурӯғ нубувват менамоянд, ва коҳинон бо ёрии онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва қавми Ман инро дӯст медоранд. Ва шумо дар охири ин чӣ хоҳед кард?


Тирандозонро бар зидди Бобил ҷамъ оваред! Эй ҳамаи камонкашон, гирдогирди он ӯрду занед, то ки наҷоте барои он намонад; ба он мувофиқи аъмолаш подош диҳед; чӣ тавре ки рафтор карда буд, ҳамон тавр нисбат ба он рафтор намоед, зеро ки ба зидди Худованд, ба зидди Қуддуси Исроил густохӣ намудааст.


Сион дастҳои худро дароз мекунад, лекин тасаллидиҳандае барои вай нест: Худованд дар ҳаққи Яъқуб амр фармудааст, ки ӯро адуёнаш иҳота кунанд; Ерусалим дар миёни онҳо кароҳатангез шудааст.


Мешунаванд, ки ман оҳу воҳ мекунам, аммо тасаллидиҳандае барои ман нест; ҳамаи душманонам мусибати маро шунида шод шудаанд, ки Ту инро дар ҳаққи ман кардаӣ. Кошки он рӯзи эълонкардаи Худро меовардӣ, ва онҳо мисли ман мешуданд!


Чӣ шаҳодате барои ту бидиҳам, чӣ қиёсе барои ту биёварам, эй духтари Ерусалим? Чиро ба ту ташбеҳ намоям, то ки туро тасаллӣ диҳам, эй духтари бокираи Сион? Зеро ки шикасти ту мисли баҳр бузург аст, ва кист, ки туро тавонад шифо диҳад?


Чӣ гуна тилло хира шудааст, зари холис тағьир ёфтааст, сангҳои гаронбаҳо дар сари ҳар кӯча партофта шудааст!


Худовандо! Он чи ба мо рӯй додааст, ба ёд овар; назар андоз ва нанги моро бубин.


Бинобар ин, инак Ман варо мафтун намуда, ба биёбон хоҳам овард, ва суханони дилпазир ба вай хоҳам гуфт.


Ин ба сари онҳо аз боиси кибрашон хоҳад омад, зеро ки дар ҳаққи қавми Худованди лашкарҳо таҳқир ва калонигарӣ карданд.


Ва бисьёре аз яҳудиён назди Марто ва Марьям омада буданд, то ки барои бародарашон онҳоро тасаллӣ диҳанд.


Ва мо сӯи Худованд Худои падарони мо истиғоса бурдем, ва Худованд овози моро шунид, ва мусибат ва меҳнат ва тангии моро дид;


Агар аз хашми душман хавотир намедоштам, ки мабодо бадхоҳони онҳо ғалат таъбир карда, бигӯянд: дасти мо боло шуд, ва Худованд ҳамаи инро накардааст“.


Кошки соҳибақл буда, дар ин хусус мулоҳиза мекарданд ва чигунагии оқибати худро мефаҳмиданд:


Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар аввал аз мо оғоз шавад, пас фарҷоми онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна хоҳад буд?


Ва назр намуда, гуфт: «Эй Худованди лашкарҳо! Агар ба азияти канизи Худ назар андозӣ, ва маро ба ёд оварӣ, ва канизи Худро фаромӯш накунӣ, ва фарзанди наринае ба канизи Худ ато фармоӣ, ман ӯро тамоми айёми умраш ба Худованд хоҳам дод, ва поку ба сари ӯ нахоҳад расид».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan