Навҳаҳои Ирмиё 1:8 - Китоби Муқаддас 1992 19998 Ерусалим гуноҳи азиме кардааст, аз ин сабаб кароҳатангез шудааст: ҳамаи онҳое ки варо мӯҳтарам медоштанд, ба вай беэътиноӣ мекунанд, зеро ки урьёнии варо дидаанд; худаш низ оху воҳ мекунад ва рӯ ба қафо мегардонад. Faic an caibideil |
Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: шумо Маро нашнидед дар бораи он ки ҳар кас барои бародари худ ва хар кас барои ёри худ озодӣ эълон намояд; пас, инак Ман, — мегӯяд Худованд, — барои шумо озодиро сӯи шамшер, вабо ва қаҳтӣ эълон хоҳам кард, ва шуморо барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат табдил хоҳам дод;
Бинобар ин Худованд, Худои Исроил, чунин мегӯяд: „Ман гуфта будам, ки хонадони ту ва хонадони падарат ба ҳузури Ман то абад роҳ хоҳанд рафт. Вале алҳол, мегӯяд Худованд, ҳошо ки Ман инро раво бинам, зеро ки Ман эҳтиромкунандагони Худро эҳтиром хоҳам кард, валекин залилкунандагони Ман расво хоҳанд шуд.