Навҳаҳои Ирмиё 1:7 - Китоби Муқаддас 1992 19997 Ерусалим дар айёми мусибатҳо ва уқубатҳои худ ҳамаи нозу неъматҳои худро, ки аз қадимулайём дошт, ба ёд меоварад, дар сурате ки қавми вай ба дасти душман афтодааст, ва мададгоре барои вай нест; адуён ба вай нигариста, ба ҳоли харобиҳояш механданд. Faic an caibideil |
Ва ба банӣ‐Аммӯн бигӯй: каломи Худованд Худоро бишнавед! Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски ту дар бораи хонаи муқаддаси Ман, ҳангоме ки он ба хорӣ дучор шуд, ва дар бораи замини Исроил, ҳангоме ки он валангор шуд, ва дар бораи хонадони Яҳудо, ҳангоме ки онҳо ҷалои ватан гардиданд, „ҳай‐ҳай!“ гуфтӣ,