Он гоҳ Худованд бар тамоми макони кӯҳи Сион ва бар ҷамъомадҳои он абр ва дудро дар рӯз ва дурахши оташи шӯълаварро дар шаб хоҳад офарид, ва бар тамоми ҷалол пардае хоҳад буд.
Аз садои сумҳои аспони пурзӯраш, аз тараққо‐туруқи аробаҳояш ва ғулғулаи чархҳояш падарон ба фарзандони худ назар намекунанд, чунки дастҳошон суст шудааст,
Чӣ гуна як нафар ҳазор нафарро таъқиб менамуд, ва ду нафар як беварро мегурезонид, агар Кӯҳпораашон онҳоро таслим намекард, ва Худованд онҳоро намесупурд?