Валекин дар миёни анбиёи Ерусалим чизҳои зиштро мебинам: онҳо ба зино дода мешаванд ва дар кизб роҳ мераванд, ва дастҳои шариронро тақвият менамоянд, бе он ки ҳар яке аз шарорати худ баргарданд; ҳамаи онҳо дар назари Ман мисли Садӯм, ва сокинони он мисли Амӯро гардидаанд».
Худованд он чи қарор дода буд, иҷро кардааст; амреро, ки аз қадимулайём фармуда буд, ба амал овардааст: хароб намуда, раҳме накардааст ва душманро бар ту шод гардонда, шохи адуёнатро баланд бардоштааст.
Ва ба ман гуфт: «Гуноҳи хонадони Исроил ва Яҳудо бағоят азим аст, ва ин замин аз хун пур шудааст, ва ин шаҳр аз беадолатӣ пур аст; зеро ки онҳо мегӯянд: „Худованд ин заминро тарк кардааст, ва Худованд намебинад“.