Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 1:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Роҳҳои Сион мотам гирифтааст, чунки мардум дар идҳо ба зиёрат намеоянд; ҳамаи дарвозаҳояш хароб шудааст; коҳинонаш оҳу воҳ мекунанд, дӯшизагонаш ғамгинанд, ва худаш талхком аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 1:4
19 Iomraidhean Croise  

Ва дарвозаҳои он нола хоҳад кард ва мотам хоҳад гирифт, ва он тиҳӣ гардида, бар замин хоҳад нишаст.


Инак, овозае ба гӯш мерасад, ва ғулғулаи азиме аз кишвари шимолӣ, то ки шаҳрҳои Яҳудоро ба биёбон, ба маъвои шағолон мубаддал намояд.


«Яхудо мотам гирифтааст, ва дарвозаҳояш вайрон шуда, бар замин хобидааст, ва истиғосаи Ерусалим баланд мешавад.


«Ва Ман Ерусалимро ба сангтӯдаҳо, ба маъвои шағолон табдил хоҳам дод, ва шаҳрҳои Яҳудоро биёбони ғайримаскуне хоҳам гардонид».


Мешунаванд, ки ман оҳу воҳ мекунам, аммо тасаллидиҳандае барои ман нест; ҳамаи душманонам мусибати маро шунида шод шудаанд, ки Ту инро дар ҳаққи ман кардаӣ. Кошки он рӯзи эълонкардаи Худро меовардӣ, ва онҳо мисли ман мешуданд!


Ҷавонон сангҳои осиёро мебардоранд, ва наврасон зери бори ҳезум беҳуш шуда меғалтанд.


Пирон дигар назди дарвоза наменишинанд; ҷавонон сурудгӯӣ намекунанд.


Ва аз боиси айёми Баалҳо варо ҷазо хоҳам дод, ки он вақт вай барояшон бухур месӯзонид, ва худро бо ҳалқаҳои гӯшу бинӣ ва бо гарданбандҳо оро медод, ва аз паи хушдоронаш мерафт, вале Маро фаромӯш карда буд, мегӯяд Худованд.


Ва ҳайвоноти саҳроро бар шумо хоҳам фиристод, то ки фарзандони шуморо нобуд кунанд, ва чорпоёни шуморо талаф намоянд, ва шуморо камшумор гардонанд, ва дар роҳҳои шумо роҳгузаре боқӣ намонад.


Бинобар ин, аз боиси шумо, Сион мисли саҳро шудгор хоҳад шуд, ва Ерусалим ба харобазор, ва кӯҳи Хона ба баландиҳои ҷангалзор мубаддал хоҳад гардид.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan