Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 1:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Яҳудо аз боиси мазаллат ва меҳнати сахт ҷалои ватан шудааст; вай дар миёни бутпарастон нишаста, фароғат намеёбад; ҳамаи таъқибкунандагонаш дар миёни тангиҳо ба вай даррасидаанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 1:3
22 Iomraidhean Croise  

Ва бақияи қавмро, ки дар шаҳр монда буданд, ва таслимшудагонро, ки ба подшоҳи Бобил таслим шуда буданд, ва бақияи оммаро Набузаръадон, сардори ҷаллодон, ба асирӣ бурд.


Ва подшоҳи Бобил онҳоро дар Рибло, дар замини Ҳамот зарба зада, кушт. Ва аҳли Яҳудо аз замини худ ба асирӣ рафтанд.


Ва шаҳр рахна карда шуд, ва ҳамаи мардони ҷангӣ шабона аз роҳи дарвозае ки дар миёни ду ҳисор назди боғи подшоҳ буд, гурехтанд; ва калдониён гирдогирди шаҳр буданд; ва подшоҳ бо роҳи даштрӯя равона шуд.


Ва қӯшуни калдониён подшоҳро таъқиб намуда, дар даштрӯяи Ериҳӯ ба ӯ расида гирифтанд, ва тамоми лашкараш аз пеши ӯ пароканда шуда рафтанд.


Шаҳрҳои ҷанубӣ баста шудааст, ва касе нест, ки онҳоро бикшояд; тамоми Яҳудо ба асирӣ бурда шудааст, комилан ба асирӣ бурда шудааст.


Инак, Ман моҳигирони бисьёрро хоҳам фиристод, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро шикор хоҳанд кард; ва пас аз он сайёдони бисьёрро хоҳам фиристод, ва онҳоро аз болои ҳар кӯҳ ва аз болои ҳар теппа ва аз шикофҳои сахраҳо сайд хоҳанд кард.


Ва онҳоро барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат ва мусибат, ва дар ҳамаи маконҳое ки онҳоро ба он ҷо бадар рондаам, ба нанг ва масал, ба масхара ва лаънат табдил хоҳам дод;


Ва бақияи қавмро, ки дар шаҳр монда буданд, ва гурезпоёнро, ки ба тарафи ӯ гузашта буданд, ва бақияи қавмро, ки монда буданд, сардори посбонони шахсии ӯ — Набузаръадон — ба Бобил ба асирӣ бурд.


Ва сардори посбонон Набузаръадон баъзе аз бенавоёни қавм ва бақияи қавмро, ки дар шаҳр монда буданд, ва гурезпоёнро, ки ба тарафи подшоҳи Бобил гузашта буданд, ва бақияи оммаро ба асирӣ бурд.


Ва лашкари калдониён подшоҳро таъқиб карданд, ва дар чӯли Ериҳӯ ба Сидқиё расида гирифтанд, ва тамоми лашкараш аз пеши ӯ пароканда шуда рафтанд.


Дарвозаҳои он ба замин фурӯ рафтааст; ғалақаҳои онро вайрон карда шикастааст; подшоҳи он ва мирони он дар миёни ғайрияҳудиён мебошанд; шариате нест; анбиёи он низ рӯъёе аз ҷониби Худованд намеёбанд.


«Дур шавед! Палид аст!» — дод мегуфтанд дар ҳаққи онҳо, — «Дур шавед, дур шавед, нарасед!» Ва онҳо чунин сарсон ва овора шуда мегаштанд, ва дар миёни халқҳо дар бораи онҳо мегуфтанд: «Дигар дар ин ҷо сокин нахоҳанд шуд».


Моро бунигарданӣ зада пеш мекунанд, хаста мешавем, — фароғат кардан намемонанд.


Сеяки мардумонат андаруни ту аз вабо хоҳанд мурд ва аз қаҳтӣ ба ҳалокат хоҳанд расид; ва сеяки дигар дар гирди ту аз шамшер хоҳанд афтод; ва сеяки боқиро Ман ба сӯи ҳар бод пароканда намуда, аз ақиби онҳо шамшер хоҳам кашид.


Бинобар ин ту ба душмани худ, ки Худованд варо бар ту хоҳад фиристод, ба сабаби гуруснагӣ ва ташнагӣ ва бараҳнагӣ ва камии ҳар чиз хизмат хоҳӣ кард, дар сурате ки вай юғи оҳанин бар гардани ту хоҳад гузошт, то даме ки туро несту нобуд кунад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan