Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 1:21 - Китоби Муқаддас 1992 1999

21 Мешунаванд, ки ман оҳу воҳ мекунам, аммо тасаллидиҳандае барои ман нест; ҳамаи душманонам мусибати маро шунида шод шудаанд, ки Ту инро дар ҳаққи ман кардаӣ. Кошки он рӯзи эълонкардаи Худро меовардӣ, ва онҳо мисли ман мешуданд!

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 1:21
37 Iomraidhean Croise  

Ва толибони ҷонам бар ман дом мегузоранд, ва бадхоҳонам суханони фитнаангез мегӯянд ва ҳар рӯз макрҳо меандешанд.


Худованд асои шарирон ва чӯбдасти ҳокимонро шикаст,


Ки он бо ғазаб қавмонро зарбаҳои паёпай мезад, ва бар халқҳо бо хашм, бо таъқиботи муттасил ҳукмронӣ мекард.


Бинобар ин ҳамаи онҳое ки туро мехӯранд, хӯрда хоҳанд шуд, ва ҳамаи бадхоҳони ту саросар ба асирӣ хоҳанд рафт, ва онҳое ки туро яғмо мекунанд, яғмо хоҳанд шуд, ва ҳамаи тороҷкунандагонатро гирифтори тороҷ хоҳам кард,


Оё Исроил барои ту хандазор нашуда буд? Оё вай дар миёни дуздон ёфт шуда буд, ки ҳар бор ту дар бораи вай сухан мерондӣ, бо нафрат калла меҷунбондӣ?


Зеро ки шумо, эй ғораткунандагони мероси Ман, шодӣ ва хурсандӣ кардед, мисли ғуноҷине ки хирманро поймол кунад, рақсидед, ва мисли аспони зӯровар шеҳа кашидед.


Аз ҳар тараф бар вай бонг занед; вай сари таслим ниҳодааст; буньёдҳои вай фурӯ ғалтидааст, ҳисорҳои вай хароб шудааст, зеро ки ин интиқоми Худованд аст; аз вай интиқом гиред; чӣ тавре ки вай амал карда буд, ҳамон тавр бо вай амал кунед.


Тирандозонро бар зидди Бобил ҷамъ оваред! Эй ҳамаи камонкашон, гирдогирди он ӯрду занед, то ки наҷоте барои он намонад; ба он мувофиқи аъмолаш подош диҳед; чӣ тавре ки рафтор карда буд, ҳамон тавр нисбат ба он рафтор намоед, зеро ки ба зидди Худованд, ба зидди Қуддуси Исроил густохӣ намудааст.


Инак, Ман зидди ту ҳастам, эй густоҳ, — мегӯяд Худованд Худои лашкарҳо, — зеро ки рӯзи ту, замоне ки туро ба ҷазо мустаҳиқ намоям, расидааст.


Ва ба Бобил ва ҳамаи сокинони кишвари калдониён барои тамоми шарорате ки дар Сион ба амал овардаанд, дар пеши назари шумо подош хоҳам дод, — мегӯяд Худованд.


Бобил низ ба сабаби мақтулони Исроил фурӯ хоҳад ғалтид, дар Бобил низ мақтулони тамоми замин фурӯ хоҳанд ғалтид.


Дар ҳаққи инҳо ман гирья мекунам: аз чашмам, аз чашмам об мерезад, зеро тасаллидиҳандае ки ҷонамро қувват медода бошад, аз ман дур шудааст; писаронам хонавайрон шудаанд, зеро ки душман зӯр баромадааст».


Шабонгоҳ вай зор‐зор мегирьяд, ва ашкҳои вай бар рухсораҳои вай аст. Аз байни ҳамаи ошиқонаш барои вай тасаллидиҳандае нест: ҳамаи ёронаш ба вай хиёнат кардаанд, ба вай душман шудаанд.


Бигзор тамоми шарорати онҳо пеши назари Ту биёяд, ва ба онҳо ончунон амал кунӣ, чунон ки ба ман барои ҳамаи гуноҳҳоям амал кардаӣ; зеро ки оҳу фиғонам бисьёр аст, ва дилам пурдард аст».


Роҳҳои Сион мотам гирифтааст, чунки мардум дар идҳо ба зиёрат намеоянд; ҳамаи дарвозаҳояш хароб шудааст; коҳинонаш оҳу воҳ мекунанд, дӯшизагонаш ғамгинанд, ва худаш талхком аст.


Ерусалим гуноҳи азиме кардааст, аз ин сабаб кароҳатангез шудааст: ҳамаи онҳое ки варо мӯҳтарам медоштанд, ба вай беэътиноӣ мекунанд, зеро ки урьёнии варо дидаанд; худаш низ оху воҳ мекунад ва рӯ ба қафо мегардонад.


Ҳамаи роҳгузарон дар ҳаққи ту даст бар ҳам месоянд, ҳуштак кашида, ба ҳоли духтари Ерусалим сар меҷунбонанд: «Оё ҳамин аст шаҳре ки онро камоли зебоӣ, шодии тамоми замин мегуфтанд?»


Ҳамаи душманонат даҳони худро бар ту кушодаанд, ҳуштак кашида ва дандон ғиҷиррос занонда, мегӯянд: «Онро талаф кардем! Ҳай‐ҳай, ин ҳамон рӯз аст, ки дар интизораш будем ва ҳоло ба он ноил шудаем, онро ба чашми худ дидаем!»


«Эй писари одам! Азбаски Сӯр дар бораи Ерусалим гуфтааст: „Ҳай‐ҳай! Дарвозаи қавмҳо шикаст хӯрд; ҳама чиз ба ман мегузарад; ман пур мешавам, чунки вай хароб шуд“,


Издиҳомҳо, издиҳомҳо дар водии доварӣ; зеро ки рӯзи Худованд дар водии доварӣ наздик аст.


Сазояшро диҳед, чунон ки вай низ шуморо сазо додааст, ва бар тибқи аъмоли вай сазояшро дучандон диҳед; дар косае ки вай барои шумо шароб тайёр карда буд, барои вай дучандон тайёр кунед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan