Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 1:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Шабонгоҳ вай зор‐зор мегирьяд, ва ашкҳои вай бар рухсораҳои вай аст. Аз байни ҳамаи ошиқонаш барои вай тасаллидиҳандае нест: ҳамаи ёронаш ба вай хиёнат кардаанд, ба вай душман шудаанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 1:2
30 Iomraidhean Croise  

Бародарони ман мисли селоб бевафогӣ карданд, мисли маҷрои селҳое ки гузашта мераванд,


Ончунон моҳҳои пуразоб насиби ман гардидааст, ва шабҳои пуризтироб барои ман таъин шудааст.


Хушо марде ки тирдонашро аз онҳо пур карда бошад! Хиҷил нахоҳанд шуд, вақте ки бо душманон назди дарвоза сухан ронанд.


Дар Худованд шодӣ ва хурсандӣ кунед, эй одилон! Ва тараннум намоед, эй ҳамаи ростдилон!


Зеро ки дар мамот зикри Ту нест: дар гӯристон кӣ Туро ҳамд мегӯяд?


Ҳамаи бародарони бенаво аз ӯ нафрат мекунанд, алалхусус ёронаш аз ӯ дур мешаванд; аз паи ваъдаҳошон медавад, аммо нестанд.


Ва агар шумо инро нашнавед, ҷони ман аз дидани ғурури шумо ба таври пинҳонӣ гирья хоҳад кард; ва чашми ман зор‐зор гириста, ашк хоҳад рехт, зеро ки рамаи Худованд ба асирӣ бурда шудааст.


Пои худро аз бараҳнагӣ ва гулӯи худро аз ташнагӣ нигоҳ дор. Вале ту гуфтӣ: „Не, умеде нест! Зеро ки бегонаҳоро дӯст медорам ва аз қафои онҳо хоҳам рафт“.


Гуфт: Агар марде зани худро талоқ диҳад, ва вай аз ӯ ҷудо шуда, ба шавҳари дигаре расад, оё ӯ аз нав сӯи ин зан бармегардад? Оё он замин тамоман палид намешавад? Вале ту бо ёрони зиёде зино кардаӣ, ва бо ин ҳама сӯи Ман мехоҳӣ баргардӣ — гуфт Худованд. —


Ҳамаи дӯстдоронат туро фаромӯш кардаанд, аҳволатро намепурсанд, зеро ки Ман туро зарбаи душманона ва танбеҳи бераҳмона барои бисьёрии маъсияти ту додаам, барои он ки гуноҳҳои ту афзудааст.


Ва ту, эй тороҷшуда, чӣ хоҳӣ кард? Агарчи либоси қирмизӣ мепӯшӣ, агарчи худро бо зеварҳои тилло оро медиҳӣ, агарчи ба чашмони худ сурма мекашӣ, лекин бар абас худро зинат медиҳӣ: хушдоронат аз ту нафрат пайдо кардаанд, ва қасди ҷони ту доранд.


Кошки сари ман чашмаи об мебуд, ва чашмонам — чашмаи ашк! Рӯзу шаб барои шаҳидони духтари қавми худ мегиристам.


Дӯстдорони худро даъват намудам, лекин онҳо дар ҳаққи ман хиёнат карданд; коҳинонам ва пиронам дар шаҳр ҷон доданд, дар ҳолате ки барои худ хӯрок меҷустанд, то ки зинда бимонанд.


Мешунаванд, ки ман оҳу воҳ мекунам, аммо тасаллидиҳандае барои ман нест; ҳамаи душманонам мусибати маро шунида шод шудаанд, ки Ту инро дар ҳаққи ман кардаӣ. Кошки он рӯзи эълонкардаи Худро меовардӣ, ва онҳо мисли ман мешуданд!


Наҷосати вай бар домани вай буд, лекин ояндаи худро ба ёд намеовард; бинобар ин ба таври хайратангез ба залолат афтодааст, ва тасаллидиҳандае барои вай нест. «Худовандо! Мазаллати маро бубин, зеро ки душман мутакаббир шудааст».


Чашмонам аз ашк оҷиз шудааст, амъоям ҷӯш мезанад, ҷигарам аз шикасти духтари қавми ман бар замин мерезад, вақте ки кӯдакон ва ширмакон дар кӯчаҳои шаҳр беҳуш шуда меғалтанд.


Аз барои ҳамин, инак Ман ҳамаи ошиқонатро, ки бо онҳо кайфу сафо мекардӣ, ва ҳамаи онҳоеро, ки дӯст медоштӣ, бо ҳамаи онҳое ки бад медидӣ, ҷамъ хоҳам кард; ва онҳоро аз ҳар тараф ба муқобили ту ҷамъ карда, урьёнии туро пеши онҳо ошкор хоҳам кард, то ки онҳо урьёнии туро бубинанд.


Ва ҳарчанд вай аз паи хушдорони худ афтад, ба онҳо нахоҳад расид, ва ҳарчанд онҳоро ҷустуҷӯ намояд, нахоҳад ёфт, ва хоҳад гуфт: „Рафта, назди шавҳари якуми худ бармегардам, зеро ки дар он вақт, назар ба ҳозира, барои ман беҳтар буд“.


Ба ёр имон наоваред, ба дӯст таваккал накунед; дари даҳонатро аз ҳамхобаи худ нигоҳдорӣ намо.


Онҳо як ният доранд, ва қуввату салтанати худро ба ҳайвони ваҳшӣ хоҳанд дод;


Ва он даҳ шох, ки ту дидӣ, ва ҳайвони ваҳшӣ аз фоҳиша нафрат хоҳанд дошт, ва ӯро хонавайрон ва урьён хоҳанд кард, ва ҷисми ӯро хоҳанд хӯрд, ва ӯро дар оташ хоҳанд сӯзонд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan