Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 1:19 - Китоби Муқаддас 1992 1999

19 Дӯстдорони худро даъват намудам, лекин онҳо дар ҳаққи ман хиёнат карданд; коҳинонам ва пиронам дар шаҳр ҷон доданд, дар ҳолате ки барои худ хӯрок меҷустанд, то ки зинда бимонанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 1:19
15 Iomraidhean Croise  

Пас, худоёни ту, ки барои худ сохтаӣ, куҷоянд? Бигзор онҳо бархезанд, агар туро дар вақти мусибатат наҷот дода тавонанд; зеро ки худоёни ту, эй Яҳудо, баробари шумораи шаҳрҳои ту ҳастанд.


Ҳамаи дӯстдоронат туро фаромӯш кардаанд, аҳволатро намепурсанд, зеро ки Ман туро зарбаи душманона ва танбеҳи бераҳмона барои бисьёрии маъсияти ту додаам, барои он ки гуноҳҳои ту афзудааст.


Ва ту, эй тороҷшуда, чӣ хоҳӣ кард? Агарчи либоси қирмизӣ мепӯшӣ, агарчи худро бо зеварҳои тилло оро медиҳӣ, агарчи ба чашмони худ сурма мекашӣ, лекин бар абас худро зинат медиҳӣ: хушдоронат аз ту нафрат пайдо кардаанд, ва қасди ҷони ту доранд.


Чӣ гуна он шаҳре ки серодам буд, яккаву танҳо нишастааст, он шаҳре ки дар миёни халқҳо бузург буд, мисли бевазане шудааст, он шаҳре ки бар кишварҳо хукмфармо буд, хироҷгузор гардидааст!


Тамоми қавми вай оҳу воҳ карда, нон мечӯянд, нозу неъматҳои худро дар бадали хӯрок додаанд, то ки зинда бимонанд. «Худовандо! Назар андоз ва бубин, ки ман чӣ гуна залил шудаам».


Шабонгоҳ вай зор‐зор мегирьяд, ва ашкҳои вай бар рухсораҳои вай аст. Аз байни ҳамаи ошиқонаш барои вай тасаллидиҳандае нест: ҳамаи ёронаш ба вай хиёнат кардаанд, ба вай душман шудаанд.


«Худовандо! Назар андоз ва бубин, ки чунин амалро ба кӣ кардаӣ? Оё равост, ки занон меваи батни худро, — кӯдаконеро, ки ба сад ноз парварда буданд, — бихӯранд? Оё равост, ки коҳин ва набӣ дар қудси Худованд кушта шаванд?


Чашмони мо ҳанӯз ба мадад беҳуда чор мешуд: дар чашмдошти худ ба халқе умедвор будем, ки вай наметавонист моро наҷот диҳад.


Мирон бо дасти онҳо ба дор кашида мешаванд, пирон эҳтиром надоранд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan