Ва саркашӣ намуда, ба Ту осӣ шуданд, ва аз Тавроти Ту рӯ гардонданд, ва анбиёи Туро, ба сабаби таъкид карданашон, то сӯи Ту руҷӯъ намоянд, куштанд, ва куфрҳои азиме ба амал оварданд.
Ту, эй Худованд, одил хоҳӣ баромад, агар ман бо Ту мубоҳиса намоям, аммо бо Ту дар бораи доварӣ сухан хоҳам ронд: чаро роҳи шарирон муваффақиятнок аст, ва ҳамаи хоинон некрӯзанд?
Адолат аз они Туст, эй Худованд, ва хиҷолат аз они мост, чунон ки имрӯз низ ҳамин тавр аст, — аз они мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим ва ҳамаи исроилиёни наздик ва дур, дар ҳамаи кишварҳое ки Ту онҳоро барои хиёнате ки дар ҳаққи Ту кардаанд, ба он ҷо пароканда намудаӣ.
Аммо суханони Ман ва фароизи Ман, ки ба бандагони Худ анбиё амр фармуда будам, магар ба сари падарони шумо наомад? Ва онҳо баргаштанд ва гуфтанд: „Чунон ки Худованди лашкарҳо қарор дода буд, ки бо мо мувофиқи роҳҳоямон ва корҳоямон амал намояд, ончунон бо мо амал намуд“».