Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 1:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Дар ҳаққи инҳо ман гирья мекунам: аз чашмам, аз чашмам об мерезад, зеро тасаллидиҳандае ки ҷонамро қувват медода бошад, аз ман дур шудааст; писаронам хонавайрон шудаанд, зеро ки душман зӯр баромадааст».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 1:16
23 Iomraidhean Croise  

Росткорон инро дида, шод мешаванд; ва ҳамаи ноинсофон даҳони худро мебанданд.


Ва ман боз назар андохта, ҳамаи ситамҳоеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, дидам; ва инак ашкҳои ситамкашон, вале барои онҳо тасаллидиҳандае нест; ва қувват дар дасти ситамкунандагони онҳост, вале барои онҳо тасаллидиҳандае нест.


Эй шӯрбахт, ки дар изтироб афтодаӣ ва тасаллӣ наёфтаӣ! Инак, Ман сангҳои туро бар сурма хоҳам ниҳод, ва буньёди туро бар ёқути кабуд.


Ва агар шумо инро нашнавед, ҷони ман аз дидани ғурури шумо ба таври пинҳонӣ гирья хоҳад кард; ва чашми ман зор‐зор гириста, ашк хоҳад рехт, зеро ки рамаи Худованд ба асирӣ бурда шудааст.


Ва ин каломро ба онҳо бигӯй: „Бигзор чашмонам шабу рӯз ашк резад, ва ашкаш хотима наёбад; зеро ки духтари бокираи қавми ман бо шикасти азиме шикаст хӯрдааст, бо зарбае ки ҳалокатовар аст.


Кист, ки бар ту, эй Ерусалим, раҳм кунад, ва кист, ки ба ту ҳамдардӣ изҳор намояд, ва кист, ки омада, аҳволи туро бипурсад?


Кошки бар андӯҳи худ ғолиб меомадам! Аммо дилам андаруни ман сӯзиш мекунад.


Кошки сари ман чашмаи об мебуд, ва чашмонам — чашмаи ашк! Рӯзу шаб барои шаҳидони духтари қавми худ мегиристам.


Барои кӯҳҳо гирья ва нола мекунам, ва барои чарогоҳҳои биёбон — навҳагарӣ, зеро онҳо сӯхтааст, ба тавре ки касе аз он ҷо гузар намекунад, ва садои рамаҳо шунида намешавад: аз мурғони осмон гирифта то чорпоён пароканда шуда рафтаанд.


Зеро ки мамот ба тирезаҳои мо баромада, ба кӯшкҳои мо дохил шудааст, то ки тифлонро аз кӯчаҳо ва ҷавононро аз майдонҳо талаф намояд.


Шабонгоҳ вай зор‐зор мегирьяд, ва ашкҳои вай бар рухсораҳои вай аст. Аз байни ҳамаи ошиқонаш барои вай тасаллидиҳандае нест: ҳамаи ёронаш ба вай хиёнат кардаанд, ба вай душман шудаанд.


Наҷосати вай бар домани вай буд, лекин ояндаи худро ба ёд намеовард; бинобар ин ба таври хайратангез ба залолат афтодааст, ва тасаллидиҳандае барои вай нест. «Худовандо! Мазаллати маро бубин, зеро ки душман мутакаббир шудааст».


Чашмонам аз ашк оҷиз шудааст, амъоям ҷӯш мезанад, ҷигарам аз шикасти духтари қавми ман бар замин мерезад, вақте ки кӯдакон ва ширмакон дар кӯчаҳои шаҳр беҳуш шуда меғалтанд.


Дили онҳо сӯи Худованд фарьёд мекунад: эй ҳисори духтари Сион! Рӯзу шаб мисли ҷӯйбор ашк рез, ба худат оромӣ надеҳ, гавҳараки чашмат қарор наёбад.


Ҳатто агар фарзандони худро калон кунанд ҳам, онҳоро нобуд хоҳам кард, ба тавре ки одаме боқӣ нахоҳад монд; зеро ки вой бар ҳоли онҳо, вақте ки аз онҳо низ дур шавам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan