Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 1:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Аз афроз Ӯ оташе ба устухонҳоям фиристода, онҳоро бирьён кардааст; доме барои пойҳоям ниҳода, маро ба қафо баргардонидааст; маро маъюс ва дардманди ҳаррӯза сохтааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 1:13
31 Iomraidhean Croise  

Зеро ки бо пойҳояш дар дом хоҳад афтод, ва бар рӯи тӯр роҳ хоҳад рафт.


Пас бидонед, ки Худо дар ҳаққи ман каҷкорӣ намудааст ва бо тӯри Худ маро печонда гирифтааст.


Пӯстам сиёҳ шуда, аз танам фурӯ мерезад, ва устухонам аз ҳарорати баданам сӯхта хушк шудааст.


Ба Худованд умедворам, ҷонам умедвор аст; ва ба каломи Ӯ умед бастаам.


Одил маро бизанад — эҳсон аст; ва маро мазаммат намояд — равған аст барои сарам, ва сарам ба он монеъ нахоҳад шуд; зеро ки ҳанӯз дуоям бар зидди кирдорҳои бади онҳост.


Шарир ғаму ғуссаи зиёде дорад, аммо касе ки ба Худованд таваккал менамояд, эҳсон ӯро иҳота хоҳад кард.


Суханони забонаш талбис ва макр аст; аз рафтори оқилона ва некӯкорӣ даст кашидааст;


Ва акнун, эй Худованд, ман чиро умедвор бошам? Умеди ман бар Туст.


Аз он хом, ё дар об пухта нахӯранд, балки ба оташ бирьён шуда бошад, бо каллаю почаҳояш ва дилу дарунаш.


Онҳое ки ба санамҳо таваккал мекунанд, ва ба бутҳо мегӯянд: «Шумо худои мо ҳастед», қафо гашта, бағоят хиҷил хоҳанд шуд.


Ва хашми Ман ва ғазаби Ман фурӯ рехта, дар шаҳрҳои Яҳудо ва кӯчаҳои Ерусалим аланга зад, ва онҳо вайрону валангор гардид, чунон ки имрӯз аст.


Бигзор тамоми шарорати онҳо пеши назари Ту биёяд, ва ба онҳо ончунон амал кунӣ, чунон ки ба ман барои ҳамаи гуноҳҳоям амал кардаӣ; зеро ки оҳу фиғонам бисьёр аст, ва дилам пурдард аст».


Роҳҳои маро каҷ карда, маро даридааст, маро маъюс намудааст;


Барои ин доим дили мо дард мекунад, барои инҳо чашмони мо хира шудааст:


Ва Ман доми Худро бар ӯ хоҳам афканд, ва ӯ дар тӯри Ман хоҳад афтод, ва ӯро ба Бобил, ба замини калдониён хоҳам овард, ва ӯ онро нахоҳад дид, ва дар он ҷо хоҳад мурд.


Ва доми Худро бар ӯ хоҳам афканд, ва ӯ дар тӯри Ман хоҳад афтод; ва Ман ӯро ба Бобил хоҳам овард, ва дар он ҷо барои хиёнате ки дар ҳаққи Ман кард, бар ӯ доварӣ хоҳам намуд.


Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман тӯри Худро дар ҷамъомади қавмҳои бисьёр бар ту хоҳам густурд, ва онҳо туро бо тӯри Ман хоҳанд баровард.


Ҳангоме ки онҳо мераванд, Ман тӯри Худро бар онҳо хоҳам андохт, мисли мурғони ҳаво онҳоро фурӯд хоҳам овард; чунон ки ба ҷамоаташон шунавонидаам, онҳоро азият хоҳам дод.


Пеши ғазаби Ӯ кист, ки тавонад истодагӣ кунад? Ва кист, ки ба хашми Ӯ тавонад тоб оварад? Қаҳри Ӯ мисли оташ забона мезанад, ва сахраҳо аз шиддати он пора‐пора мешавад.


Чун шунидам, ботинамро ларза гирифт, аз он садо лабҳоям ба раъша омад, заъф то мағзи устухонҳоям ҷойгир шуд, ва ман дар ҷои нишасти худ ба ларзиш омадам; ва ҳол он ки дар интизори рӯзи тангӣ, вақте ки қавме бо фавҷҳои худ бар мо ҳуҷум оваранд, ман бояд ором бошам:


Ва дар миёни он халқҳо ту фароғат нахоҳӣ ёфт, ва барои кафи поят оромӣ нахоҳад буд, ва дар он ҷо Худованд ба ту дили беқарор ва чашмони чор ва ҷони пурозор хоҳад дод.


Дар оташи фурӯзон зуҳур намуда, аз онҳое ки Худоро намешиносанд ва ба башорати Худованди мо Исои Масеҳ итоат намекунанд, интиқом гирад.


Чунки Худои мо оташи фурӯбаранда аст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan