Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 1:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 «Бигзор ин ба шумо, эй ҳамаи роҳгузарон, рӯй надиҳад. Назар андозед ва бубинед, ки оё дарде мисли дарди ман ҳаст, ки он ба сари ман омадааст, ва Худованд дар рӯзи шиддати ғазаби Худ маро ғамгин кардааст?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 1:12
18 Iomraidhean Croise  

Хушо қавме ки бонги шодиро медонанд! Худовандо, онҳо дар нури рӯи Ту қадамгузор мешаванд;


Бинобар ин осмонро ба ларза хоҳам овард, ва замин аз ғазаби Худованди лашкарҳо дар рӯзи шиддати хашми Ӯ аз ҷои худ хоҳад ҷунбид.


Вой бар ман дар ин шикасти ман! Ҷароҳати ман сахт аст; вале ман гумон карда будам, ки ин фақат нотобист, ва ман онро паси сар хоҳам кард.


То ки замини худро ба биёбон табдил дода, боиси мадҳушии абадӣ гардонанд, ба тавре ки ҳар касе ки аз он гузар кунад, дар ҳайрат афтода, сари худро хоҳад ҷунбонид.


Инак, тундбоде бошиддат вазида, хашми Худованд берун омадааст, ва тундбод талотум намуда, бар сари шарирон фурӯд хоҳад омад.


Оташи ғазаби Худованд, то Ӯ муродоти дили Худро ба амал наоварад ва иҷро накунад, фурӯ нахоҳад нишаст; дар оянда шумо инро фаҳм хоҳед кард.


Оҳ, чӣ гуна азим аст он рӯз, ки мисл надорад! Ва ин барои Яъқуб замони тангист, вале аз он ӯ наҷот хоҳад ёфт.


Бинобар ин палос пӯшида, мотам гиред ва навҳа кунед, зеро ки оташи ғазаби Худованд аз мо барнагаштааст.


Оё Исроил барои ту хандазор нашуда буд? Оё вай дар миёни дуздон ёфт шуда буд, ки ҳар бор ту дар бораи вай сухан мерондӣ, бо нафрат калла меҷунбондӣ?


«Худованд одил аст, зеро ки аз амри Ӯ саркашӣ кардаам. Бишнавед, эй ҳамаи қавмҳо, ва дарди маро бубинед: дӯшизагонам ва ҷавононам ба асирӣ рафтаанд.


Чӣ гуна Худованд дар вақти ғазаби Худ духтари Сионро бо абрҳои тира пӯшонидааст, шукӯҳи Исроилро аз осмон ба замин афкандааст ва пойандози Худро дар рӯзи ғазаби Худ ба ёд наовардааст!


Чӣ шаҳодате барои ту бидиҳам, чӣ қиёсе барои ту биёварам, эй духтари Ерусалим? Чиро ба ту ташбеҳ намоям, то ки туро тасаллӣ диҳам, эй духтари бокираи Сион? Зеро ки шикасти ту мисли баҳр бузург аст, ва кист, ки туро тавонад шифо диҳад?


Ва Ӯ каломи Худро, ки дар ҳаққи мо ва дар ҳаққи доварони мо, ки бар мо доварӣ мекарданд, гуфта буд, иҷро намуда, бар мо мусибати бузурге овард, ки мисли он зери тамоми осмон ба амал наомадааст, чунон ки дар Ерусалим ба амал омадааст;


Рӯзи торикӣ ва зулмот, рӯзи абр ва меғ, мисли шафақи субҳ, ки бар кӯҳҳо паҳн шуда бошад: қавми сершумор ва зӯровар, ки мисли онҳо аз азал набуд, ва баъд аз онҳо то абад нахоҳад буд.


Зеро дар он замон чунон мусибати бузурге хоҳад шуд, ки аз ибтидои олам то ҳол нашудааст, ва бори дигар нахоҳад шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan