11 Тамоми қавми вай оҳу воҳ карда, нон мечӯянд, нозу неъматҳои худро дар бадали хӯрок додаанд, то ки зинда бимонанд. «Худовандо! Назар андоз ва бубин, ки ман чӣ гуна залил шудаам».
Ва қаҳтии сахт дар Сомария буд, ва инак, онро муҳосира карда буданд, ба тавре ки каллаи хар ба баҳои ҳаштод сиқл нукра фурӯхта мешуд, ва чорьяк қаб саргини кафтар — ба баҳои панҷ сиқл нуқра.
Ва оё ту бозуе мисли Худо дорӣ, ва бо овозе мисли Ӯ метавонӣ гулдуррос занӣ?
Худоё! Моро баргардон, ва рӯи Худро мунаввар намо, то ки наҷот ёбем.
Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: «Агар ту баргардӣ, Ман туро қабул хоҳам кард, он гоҳ ба ҳузури Ман хоҳӣ истод; ва агар гаронбаҳоро аз ночиз берун оварӣ, мисли даҳони Ман хоҳӣ буд; онҳо назди ту хоҳанд баргашт, вале ту назди онҳо нахоҳӣ баргашт.
Ва гӯшти писарони онҳо ва гӯшти духтарони онҳоро ба онҳо хоҳам хӯронид, ва дар муҳосира ва тангие ки душманонашон ва толибони ҷонашон бар онҳо хоҳанд овард, онҳо гӯшти якдигарро хоҳанд хӯрд“.
«Эй оғоям подшоҳ! Ин одамон бо ҳар чи дар ҳаққи Ирмиёи набӣ карда, ӯро дар чоҳ андохтаанд, шарирона амал намудаанд, ва ӯ он ҷо аз гуруснагӣ хоҳад мурд, зеро ки дар шаҳр дигар нон нест».
Дар моҳи чорум, дар рӯзи нӯҳуми моҳ, қаҳтӣ дар шаҳр пурзӯр шуд, ва барои қавми замин нон набуд.
Ерусалим гуноҳи азиме кардааст, аз ин сабаб кароҳатангез шудааст: ҳамаи онҳое ки варо мӯҳтарам медоштанд, ба вай беэътиноӣ мекунанд, зеро ки урьёнии варо дидаанд; худаш низ оху воҳ мекунад ва рӯ ба қафо мегардонад.
Наҷосати вай бар домани вай буд, лекин ояндаи худро ба ёд намеовард; бинобар ин ба таври хайратангез ба залолат афтодааст, ва тасаллидиҳандае барои вай нест. «Худовандо! Мазаллати маро бубин, зеро ки душман мутакаббир шудааст».
Чашмонам аз ашк оҷиз шудааст, амъоям ҷӯш мезанад, ҷигарам аз шикасти духтари қавми ман бар замин мерезад, вақте ки кӯдакон ва ширмакон дар кӯчаҳои шаҳр беҳуш шуда меғалтанд.
Ба модарони худ мегӯянд: «Нон ва шароб куҷост?» — дар ҳолате ки мисли маҷрӯҳон дар кӯчаҳои шаҳр аз ҳуш рафта, дар оғӯши модарони худ ҷон медиҳанд.
«Худовандо! Назар андоз ва бубин, ки чунин амалро ба кӣ кардаӣ? Оё равост, ки занон меваи батни худро, — кӯдаконеро, ки ба сад ноз парварда буданд, — бихӯранд? Оё равост, ки коҳин ва набӣ дар қудси Худованд кушта шаванд?
Худовандо! Он чи ба мо рӯй додааст, ба ёд овар; назар андоз ва нанги моро бубин.