Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Навҳаҳои Ирмиё 1:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Чӣ гуна он шаҳре ки серодам буд, яккаву танҳо нишастааст, он шаҳре ки дар миёни халқҳо бузург буд, мисли бевазане шудааст, он шаҳре ки бар кишварҳо хукмфармо буд, хироҷгузор гардидааст!

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Навҳаҳои Ирмиё 1:1
38 Iomraidhean Croise  

Ва Сулаймон дар тамоми мамлакатҳо, аз наҳри Фурот то замини фалиштиён, яъне, то сарҳади Миср салтанат меронд; онҳо ҳадияҳо оварда ба Сулаймон тамоми айёми ҳаёти ӯ хизмат мекарданд.


Ва ӯро фиръавн Накӯҳ дар Рибло, дар замини Ҳамот, бандӣ сохт, то ки дар Ерусалим подшоҳӣ накунад; ва бар мамлакат сад киккар нуқра ва як киккар тилло ҷарима андохт


Ва нуқра ва тиллоро Еҳӯёқим ба фиръавн медод; аммо ба замин баҳо монд, то ки нуқраро бар тибқи фармони фиръави бидиҳад; аз қавми мамлакат, аз ҳар кас мувофиқи баҳояш, нуқра ва тиллоро ҳамчун хироҷ меситонид, то ки ба фиръавн Накӯҳ бидиҳад.


Ва ӯ бар ҳамаи подшоҳон аз наҳр то замини фалиштиён ва то сарҳади Миср ҳукмронӣ мекард.


Ва подшоҳони қавӣ бар Ерусалим будаанд, ва онҳо дар тамоми Мовароуннаҳр салтанат мерондаанд, ва закот, боҷ ва хироҷ ба онҳо дода мешудааст;


Ва баъзе буданд, ки мегуфтанд: «Мо барои хироҷи подшоҳ дар ивази киштзорҳо ва токзорҳои худ пул қарз гирифтаем.


Ва ҳосилоти фаровони худро он барои подшоҳоне меоварад, ки онҳоро Ту ба сабаби гуноҳҳои мо бар мо гузоштаӣ, ва онҳо бар ҷасадҳои мо ва бар чорпоёни мо ба дилхоҳи худ ҳукмронӣ мекунанд, ва мо ба тангии азиме гирифтор ҳастем.


Басо ҷони мо аз тамасхури лоуболон ва таҳқири мағрурон сер гардидааст.


Эй зӯҳраи субҳидам, чӣ гуна аз осмон афтодаӣ! Эй, ки халқҳоро поймол мекардӣ, чӣ гуна ба замин бархӯрдаӣ!


Эй шаҳри пурҷӯшу хурӯш, ки пурҳаяҷон ҳастӣ, эй шаҳри пурсурур! Мақтулони ту мақтулони шамшер нестанд ва дар ҷанг талаф нашудаанд.


Ва дарвозаҳои он нола хоҳад кард ва мотам хоҳад гирифт, ва он тиҳӣ гардида, бар замин хоҳад нишаст.


Ва ту дар дили худ хоҳӣ гуфт: „Кист, ки инҳоро барои ман зоидааст? Ва ҳол он ки ман фарзандгумкарда ва нозой, ҷалои ватан ва ғариб будам; пас кист, ки инҳоро ба воя расонидааст? Ман, охир, танҳо монда будам; пас инҳо куҷо буданд?“»


Худованд Худо гӯши Маро кушодааст, ва Ман муқобилат накардаам, ақиб нагаштаам.


Худро аз хок биафшон, бархоста, бинишин, эй Ерусалим! Завлонаҳоро аз гардани худ бикшо, эй духтари асиршудаи Сион!


Чӣ гуна зебост бар кӯҳҳо пойҳои мубашшир, ки аз сулҳу осоиштагӣ башорат медиҳад, аз некӣ башорат медиҳад, наҷотро зълон мекунад, ба Сион мегӯяд: «Худои ту салтанат меронад!»


Натарс, зеро ки хиҷил нахоҳӣ шуд; ва ошуфта нашав, зеро ки бадном нахоҳӣ гардид, чунки хиҷолати ҷавонии худро фаромӯш хоҳӣ кард, ва бадномии бевагии худро дигар ба ёд нахоҳӣ овард.


Зеро Худованд чунин мегӯяд: «Барои Яъқуб бо шодмонӣ тараннум намоед, ва дар сари халқҳо ба ваҷд оед; нидо карда ва ҳамду сано хонда, бигӯед: „Қавми Худоро, эй Худованд, бақияи Исроилро наҷот деҳ!“


Ва Ҷадальё ибни Аҳиқом ибни Шофон ба онҳо ва одамонашон қасам хӯрда гуфт: «Аз бандагӣ кардан ба калдониён натарсед, дар замин сокин шавед, ва ба подшоҳи Бобил бандагӣ намоед, ва барои шумо хуб хоҳад шуд;


Ва ба Ирмиёи набӣ гуфтанд: «Бигзор истиғосаи мо ба ҳузури ту мақбул афтад, ва ту барои мо, барои тамоми ин бақия назди Худованд Худои худ дуо гӯӣ, зеро ки мо каме аз бисьёр боқӣ мондаем, чунон ки чашмонат моро мебинад;


«Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: шумо тамоми мусибатеро, ки Ман бар Ерусалим ва бар ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо овардам, дидед; ва инак, имрӯз хароб шудааст, ва сокине дар онҳо нест,


Ва хашми Ман ва ғазаби Ман фурӯ рехта, дар шаҳрҳои Яҳудо ва кӯчаҳои Ерусалим аланга зад, ва онҳо вайрону валангор гардид, чунон ки имрӯз аст.


Путки тамоми замин чӣ гуна вожгун ва торумор шудааст, ва Бобил дар миёни халқҳо мавриди даҳшат гардидааст!


«Ва Ман Ерусалимро ба сангтӯдаҳо, ба маъвои шағолон табдил хоҳам дод, ва шаҳрҳои Яҳудоро биёбони ғайримаскуне хоҳам гардонид».


Дӯстдорони худро даъват намудам, лекин онҳо дар ҳаққи ман хиёнат карданд; коҳинонам ва пиронам дар шаҳр ҷон доданд, дар ҳолате ки барои худ хӯрок меҷустанд, то ки зинда бимонанд.


Чӣ гуна Худованд дар вақти ғазаби Худ духтари Сионро бо абрҳои тира пӯшонидааст, шукӯҳи Исроилро аз осмон ба замин афкандааст ва пойандози Худро дар рӯзи ғазаби Худ ба ёд наовардааст!


Пирони духтари Сион бар замин хомӯш нишастаанд, бар сари худ хокистар пошида, палос пӯшидаанд; дӯшизагони Ерусалим сари худро сӯи замин хам кардаанд.


Чӣ гуна тилло хира шудааст, зари холис тағьир ёфтааст, сангҳои гаронбаҳо дар сари ҳар кӯча партофта шудааст!


Тоҷи сари мо фурӯ ғалтидааст; вой бар ҳоли мо, ки гуноҳ кардаем!


Ва ҳамаи ҳокимони баҳр аз тахтҳои худ фурӯд хоҳанд омад, ва ҷомаҳои зебои худро дур хоҳанд кард, ва либосҳои гулдӯзии худро хоҳанд кашид; тарсу бим дар бар хоҳанд кард, бар замин хоҳанд нишаст, ва ҳар лаҳза хоҳанд ларзид, ва аз боиси ту моту мабҳут хоҳанд шуд;


«Эй писари одам! Азбаски Сӯр дар бораи Ерусалим гуфтааст: „Ҳай‐ҳай! Дарвозаи қавмҳо шикаст хӯрд; ҳама чиз ба ман мегузарад; ман пур мешавам, чунки вай хароб шуд“,


Худованд Худо чунин мегӯяд: ин Ерусалим аст, ки Ман онро дар миёни халқҳо ҷойгир кардаам, ва дар гирди он — кишварҳоро.


Ва шаҳрҳои шуморо хароб хоҳам кард, ва қудсҳои шуморо валангор хоҳам намуд, ва атри гуворои қурбониҳои шуморо нахоҳам бӯид.


Ва шуморо дар миёни халқҳо пароканда хоҳам намуд, ва аз паи шумо шамшер хоҳам кашид; ва замини шумо валангор, ва шаҳрҳои шумо хароб хоҳад шуд.


Ин шаҳри пурсурур, ки бепарвоёна умр ба сар бурда, дар дили худ мегуфт: «Ман ҳастам, ва ғайр аз ман дигаре нест», чӣ гуна хароб гардида, ба маскани ҳайвонот табдил ёфтааст! Ҳар касе ки аз пеши он бигзарад, ба ҳоли он ҳуштак зада, даст хоҳад афшонид.


Ҳар қадар вай ҷалол ёфта, айшу нӯш мекард, ҳамон қадар бо азият ва бадбахтӣ сазояшро диҳед. Зеро ки вай дар дили худ мегӯяд: „Малика шуда нишастаам, ва бева нестам, ва бадбахт наҳоҳам буд“.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan