2 Садои тозиёнаҳо, ва овози гулдурроси чархҳо, ва аспони даванда, ва аробаҳои чархзананда ба гӯш мерасад.
Зеро ки тамоми пойафзоли пурсадои сарбозон ва тамоми либоси оғуштаи хун сӯхта, тӯъмаи оташ хоҳад шуд.
Аз садои сумҳои аспони пурзӯраш, аз тараққо‐туруқи аробаҳояш ва ғулғулаи чархҳояш падарон ба фарзандони худ назар намекунанд, чунки дастҳошон суст шудааст,
Намуди онҳо мисли намуди аспон аст, ва онҳо мисли савораҳо метозанд.
Мисли гулдур‐гулдури аробаҳо бар қуллаи кӯҳҳо мерақсанд, мисли чарс‐чарси алангаи оташе ки коҳро месӯзонад, мисли қавми зӯроваре ки барои ҷанг саф кашида бошанд.
Он гоҳ сумҳои аспон ба сабаби гурезогурези зӯроварони вай заминро кӯфтан гирифт.