Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Наҳум 2:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Сипари паҳлавонони вай суп‐сурх аст, ҷанговарони вай либоси арғувонӣ пӯшидаанд; пӯлоди аробаҳояш дар рӯзи тайёрии вай мисли оташ барқ мезанад, ва найзаҳои вай дар ҷавлон аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Наҳум 2:3
13 Iomraidhean Croise  

Тирдон бар вай ҷаранг‐ҷаранг мекунад, ва найзаю мизроқи дурахшанда.


Ва Ман онҳоро ба якравии дилашон вогузор кардам, то ки аз паи андешаҳои худ бираванд.


Сарвҳо низ дар ҳаққи ту шодӣ мекунанд, ва арзҳои Лубнон мегӯянд: «Аз замоне ки ту фурӯ ғалтидаӣ, дарахтбуре ба сари мо наомадааст».


Ва бо аслиҳа ва аспон ва аробаҳо ва анбӯҳи қавмҳо, бо ҷавшанҳо, сипарҳо ва хӯдҳо бар ту омада, туро иҳота хоҳанд кард, ва Ман туро ба доварии онҳо хоҳам супурд, ва онҳо туро мувофиқи аҳкоми худ доварӣ хоҳанд намуд.


Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман Набукаднесар подшоҳи Бобил, подшоҳи подшоҳонро аз шимол бар Сӯр бо аспон ва аробаҳо ва саворон ва бо ҷамоат ва қавми зиёде хоҳам овард.


Садои тозиёнаҳо, ва овози гулдурроси чархҳо, ва аспони даванда, ва аробаҳои чархзананда ба гӯш мерасад.


«Имшаб дидам, ва инак марде бар аспи ҷиранд савор буд, ва ӯ дар миёни дарахтони ос, ки дар водӣ буданд, меистод, ва дар ақиби ӯ аспони ҷиранд, тӯруқ ва сафед буданд.


Вовайло намо, эй сарв, зеро ки арз фурӯ ғалтидааст, зеро ки дарахтони боҳашамат валангор гардидааст; вовайло кунед, эй булутҳои Бошон, зеро ки ҷангалистони анбӯҳ ба залолат афтодааст.


Дар аробаи якум — аспони ҷиранд; ва дар аробаи дуюм — аспони сиёҳмушкин;


Ва аломати дигаре дар осмон зоҳир шуд: инак, аждаҳои бузурги сурх, ки ҳафт калла ва даҳ шоҳ дорад, ва бар каллаҳояш ҳафт афсар;


Ва аспи дигари куранд берун омад, ва ба савори он ихтиёр дода шудааст, ки осоиштагиро аз замин бигирад, то ки якдигарро ба қатл расонанд; ва ба вай шамшери бузурге дода шудааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan