Мӯоб аз ҷавонии худ осудаҳол буд, ва бар дурди худ менишаст, ва аз зарфе ба зарфе рехта нашудааст, ва ба асирӣ нарафтааст; бинобар ин таъмаш дар он мондааст, ва накҳаташ тағьир наёфтааст.
Агар ангурчинон назди ту оянд, оё баъзе шингилҳоро боқӣ намегузоранд? Агар дуздон шабона биёянд, оё фақат он қадар, ки ба онҳо лозим бошад, намедузданд?
Ва худро дигар бо бутҳошон ва бо қабоҳатҳошон ва бо ҳар гуна ҷиноятҳошон палид нахоҳанд сохт, ва Ман онҳоро аз ҳамаи иқоматгоҳҳошон, ки дар он ҷо гуноҳ кардаанд, наҷот хоҳам дод, ва онҳоро пок хоҳам кард, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд.
Вай тороҷ, валангор ва хароб гардидааст, ва дилаш ҳаросон ва зонуҳояш ларзон шудааст, ва ҳамаи камарҳоро ларза гирифтааст, ва ранги рӯи ҳама паридааст.
Дар он рӯз ту аз тамоми амалиёти худ, ки бо он пеши Ман гуноҳ кардаӣ, хиҷил нахоҳӣ шуд, зеро ки он вақт Ман мутакаббирони пурсурури туро аз даруни ту дур хоҳам кард, ва ту дигар дар кӯҳи муқаддаси Ман такаббур нахоҳӣ намуд.