Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Наҳум 1:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Бар баҳр итоб менамояд, ва онро хушк мекунад, ва ҳамаи наҳрҳоро хушконидааст; Бошон ва Кармил пажмурда гаштааст, ва гули Лубнон пажмурда гаштааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Наҳум 1:4
22 Iomraidhean Croise  

Ва Худо Нӯҳ ва ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшӣ ва ҳамаи чорпоёнро, ки бо ӯ дар киштӣ буданд, ба ёд овард; ва Худо боде бар замин вазонид, ва об фурӯ нишаст.


Ва маҷроҳои об намоён гардид, ва асосҳои коинот ошкор шуд, — аз итоби Худованд, аз вазиши боди ғазаби Ӯ.


Ва гуфтам: „То ба ин ҷо биё, ва аз он набояд бигзарӣ, ва дар ин ҷо саркашии мавҷҳоят боздошта хоҳад шуд“?


Ӯ Худованд Худои мост; довариҳои Ӯ дар тамоми замин аст.


Зеро ки ҷони иштиёқмандро сер кардааст, ва ҷони гуруснаро аз нозу неъмат пур кардааст.


Камандҳои мамот маро фаро гирифт ва азобҳои гӯр маро дарьёфт; ба тангӣ ва ғаму ғусса дучор шудам.


Худованд бахшанда ва одил аст; ва Худои мо раҳмон аст.


Замин мотам гирифтааст, ноком шудааст; Лубнон пажмурда шудааст, хушкидааст; Шорӯн мисли биёбон гардидааст, ва Бошон ва Кармил баргҳои худро рехтаанд.


Кӯҳҳо ва теппаҳоро хароб хоҳам кард, ва тамоми набототи онҳоро хоҳам хушконид, ва наҳрҳоро ба ҷазираҳо табдил хоҳам дод, ва кӯлҳоро хоҳам хушконид.


Ӯ ба варта мегӯяд: «Хушк шав, ва наҳрҳои туро хушк хоҳам кард!»


Оё ту ҳамон нестӣ, ки баҳр ва обҳои вартаи азимро хушк кардаӣ, ва умқҳои баҳрро ба роҳе табдил додаӣ, то ки растагорон убур намоянд?


Ва Ман наҳрҳоро хоҳам хушконид, ва заминро ба дасти шарирон хоҳам супурд; ва заминро бо ҳар чи дар он аст, бо дасти аҷнабиён валангор хоҳам кард; Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам.


Ва моҳиёни дарьё ва мурғони ҳаво ва ҳайвоноти саҳро, ва ҳамаи хазандагоне ки бар замин мехазанд, ва ҳар одаме ки бар рӯи замин аст, ба ҳузури Ман хоҳанд ларзид, ва кӯҳҳо хароб хоҳад шуд, ва сахраҳо фурӯ хоҳад ғалтид, ва ҳар ҳисор бар замин хоҳад афтод.


Ва гуфт: Худованд аз Сион наъра мезанад, ва аз Ерусалим овози Худро мешунавонад, ва чарогоҳҳои чӯпонон мотам мегиранд, ва қуллаи Кармил хушк мешавад.


Ӯ, ки Парвин ва Ҷабборро офаридааст, ва зулмотро ба субҳ табдил медиҳад, ва рӯзро шаби торик мегардонад, ва обҳои баҳрро даъват менамояд, ва онҳоро бар рӯи замин мерезад, — Худованд исми Ӯст.


Ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро ҳаросонед?» Баъд бархоста, бодҳо ва баҳрро манъ кард, ва оромии комил барқарор шуд.


Обҳое ки аз боло фурӯд меомад, ба масофаи бисьёр дур аз шаҳри Одом, ки дар ҷониби Сортон аст, мисли деворе бозистод, ва обҳое ки сӯи баҳри биёбон, яъне баҳри Намак, фурӯд меомад, тамоман қатъ гардид, ва қавм дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ убур карданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan