Ва аз гӯш додан сар тофтанд, ва мӯъҷизоти Туро, ки барои онҳо ба амал овардӣ, ба ёд наоварданд, ва гарданкашӣ карданд, ва исьён бардошта, пешвоеро барои худ баргузиданд, то ки ба ғуломии худ баргарданд; вале Ту Худои ғаффор, карим ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон ҳастӣ, ва онҳоро тарк накардӣ.
Ва дилҳои худро чок кунед ва на либосҳои худро». Ва сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намоед; зеро ки Ӯ карим ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон аст, ва аз бадӣ пушаймон мешавад.
Ва сӯи Худованд дуо кард ва гуфт: «Эй Худованд! Оё сухани ман ҳамин набуд, вақте ки ҳанӯз дар диёри худ будам? Барои ҳамин ҳам ба гурехтан ба Таршиш шитоб кардам, зеро медонистам, ки Ту Худои бахшанда ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон ҳастӣ, ва аз офат пушаймон мешавӣ.
„Худованд собир ва пур аз эҳсон аст, гуноҳ ва маъсиятро меомурзад, вале осиёнро беҷазо намегузорад, барои гуноҳи падарон писаронро то насли сеюм ва чорум ҷазо медиҳад“.