2 Худованд Худои ғаюр ва интиқомгир аст; Худованд интиқомгир ва пурхашм аст; Худованд аз адуёнаш интиқом мегирад, ва хашми Худро барои душманонаш нигоҳ медорад.
Чун шикамашро пур кардан хоҳад, Худо шиддати ғазаби Худро бар ӯ равона хоҳад кард, ва онро мисли борон бар ҷисми ӯ меборонад.
Биёед, дар шаъни Худованд тараннум намоем, дар шаъни кӯҳпораи наҷоти худ бонги шодӣ занем.
Ба онҳо саҷда набар ва онҳоро ибодат накун; зеро ки Ман Худованд Худои ту ҳастам, Худои ғаюре ҳастам, ки барои гуноҳи падарон аз писарон, то насли сеюм ва чорум, аз онҳое ки аз Ман нафрат дошта бошанд, интиқом мегирам;
Чунки ту набояд ба худои дигаре саҷда барӣ, зеро Худованд, ки исмаш ғаюр аст, Худои ғаюр мебошад.
Ки марҳаматро барои ҳазорон насл нигоҳ медорад, гуноҳ ва маъсият ва хаторо меомурзад, вале осиёнро беҷазо намегузорад; барои гуноҳи падарон писарон ва писарони писаронро то насли сеюм ва чорум ҷазо медиҳад».
Худованд мисли ҷаббор берун хоҳад омад, мисли марди майдон рашки Худро хоҳад барангехт, ҷор хоҳад зад ва наъра хоҳад кашид, бар душмани Худ музаффар хоҳад шуд.
Хушьёр шав, ҳушьёр шав, бархез, эй Ерусалим, ки ту аз дасти Худованд косаи ғазаби Ӯро нӯшидаӣ, дурди косаи заҳролудро нӯшида, холӣ кардаӣ.
Писарони ту бемаҷол гардида, дар сари ҳар кӯча мисли говмеши ба домафтодае хобидаанд, дар ҳолате ки аз ғазаби Худованд, аз итоби Худои ту пур шудаанд.
Зеро, инак, Худованд дар оташ хоҳад омад, ва аробаҳои Ӯ мисли тундбод хоҳад буд, то ки бо шиддати хашми Худ подош диҳад, ва итоби Худро бо шӯълаҳои оташ бишнавонад.
Зеро ки Худованд, Худои Исроил ба ман чунин гуфт: «Ин косаи шароби ғазабро аз дасти Ман бигир ва онро ба ҳамаи халқҳое ки туро назди онҳо мефиристам, бинӯшон,
Анбиёе ки аз қадимулайём, пеш аз ман ва пеш аз ту буданд, барои заминҳои бисьёр ва мамлакатҳои бузург ҷанг ва мусибат ва ваборо нубувват кардаанд.
Оё ғазаби Ӯ ба сурати абадӣ хоҳад буд? Оё Ӯ онро то абад нигоҳ хоҳад дошт?“ Чунин сухан рондӣ, — ва аъмоли бади худро, ҳар қадар аз дастат ояд, давом медиҳӣ».
Шояд, онҳо ба ҳузури Худованд истиғоса баранд ва ҳар яке аз роҳи бади худ баргарданд, зеро хашму ғазабе ки Худованд дар бораи ин қавм баён намудааст, бузург аст».
Худро барои Худованд махтун намоед ва ғилофаки дилҳои худро дур кунед, эй мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим, мабодо ғазаби Ман, ба сабаби бадии аъмоли шумо, мисли оташ берун омада, аланга занад, ва касе набошад, ки онро хомӯш кунад.
Аз ҳар тараф бар вай бонг занед; вай сари таслим ниҳодааст; буньёдҳои вай фурӯ ғалтидааст, ҳисорҳои вай хароб шудааст, зеро ки ин интиқоми Худованд аст; аз вай интиқом гиред; чӣ тавре ки вай амал карда буд, ҳамон тавр бо вай амал кунед.
Худованд хашми Худро ба анҷом расондааст, шиддати ғазаби Худро фурӯ рехтааст ва оташе дар Сион афрӯхтааст, ки он асосҳои варо хӯрдааст.
Бинобар ин дар бораи замини Исроил нубувват намо, ва ба кӯҳҳо ва теппаҳо, ба рӯдхонаҳо ва дараҳо бигӯй: Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман дар рашк ва хашми Худ сухан рондаам, чунки шумо бори нанги халқҳоро бардоштаед.
Ва дар он рӯз, яъне дар рӯзе ки Ҷуҷ ба замини Исроил биёяд, чунин воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованд Худо, ки ғазаби Ман дар ҳини қаҳри Ман аланга хоҳад гирифт.
Ва Ман дар рашки Худ ва дар оташи Худ гуфтаам, ки албатта дар он рӯз зилзилаи бузурге дар замини Исроил рӯй хоҳад дод.
Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: акнун асирони Яъқубро хоҳам баргардонид, ва бар тамоми хонадони Исроил раҳм хоҳам кард, ва барои исми муқаддаси Худ рашк хоҳам намуд.
Ва чун ғазабам ба итмом расад, ва хашми Худро бар онҳо фурӯ резам, он гоҳ Ман тасаллӣ хоҳам ёфт, ва онҳо, баъд аз он ки хашми Худро бар онҳо фурӯ рехта ба итмом расонам, хоҳанд донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, дар қаҳри Худ сухан рондаам.
Касе ки дур бошад, аз вабо хоҳад мурд, ва касе ки наздик бошад, аз шамшер хоҳад афтод, ва касе ки дар муҳосира боқӣ монда бошад, аз қаҳтӣ хоҳад мурд; ва Ман ғазаби Худро бар онҳо ба итмом хоҳам расонид.
Бинобар ин Ман низ бо ғазаб амал хоҳам намуд: чашмам риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард, ва ҳарчанд ба гӯшҳои Ман бо овози баланд бихонанд, онҳоро иҷобат нахоҳам намуд».
Ва он гоҳ рашки Худованд барои замини Ӯ хоҳад омад, ва Ӯ бар қавми Худ шафқат хоҳад кард.
Он гоҳ Ман бо ғазаб бар хилофи шумо рафтор хоҳам кард, ва Ман низ шуморо барои гуноҳҳотон ҳафтчандон ҷазо хоҳам дод.
Ва бо хашм ва ғазаб аз халқҳое ки намешунаванд, интиқом хоҳам гирифт».
Кист Худое мисли Ту, ки гуноҳро омурзад ва аз ҷинояти бақияи мероси Худ гузароӣ кунад? Ӯ ғазаби Худро то абад нигоҳ намедорад, зеро ки марҳаматро дӯст медорад.
Ва фариштае ки бо ман сухан меронд, ба ман гуфт: „Нидо намуда, бигӯй: Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: Ман дар бораи Ерусалим ва дар бораи Сион бо рашки бузурге рашк кардам.
«Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: Ман дар бораи Сион бо рашки бузурге рашк кардаам, ва бо ғазаби бузурге дар бораи он рашк кардаам.
«Финҳос ибни Элъозор ибни Ҳоруни коҳин ғазаби Маро аз банӣ‐Исроил дур кард, чунки бо рашки Ман дар миёни онҳо рашк кард, ва Ман банӣ‐Исроилро бо рашки худ маҳв накардам.
Эй маҳбубон, интиқоми худро нагиред, балки ба ғазаби илоҳӣ вогузор кунед; зеро ки навишта шудааст: «Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд».
Чунки вай хизматгори Худост бар нафъи ту. Аммо агар корҳои бад кунӣ, битарс; зеро ки вай шамшерро беҳуда бардошта нагаштааст: вай хизматгори Худост ва бо ғазаб аз бадкорон интиқом мегирад.
Зеро ки Худованд Худои ту оташи сӯзанда аст, Худои рашкнок аст.
Ва онҳоеро, ки ба Ӯ адоват доранд, шахсан сазо дода, ба ҳалокат мерасонад, ба додани мукофоти касе ки ба Ӯ адоват дорад, даранг намекунад: сазои варо шахсан медиҳад.
Зеро мо Ӯро мешиносем, ки гуфтааст: «Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд». Ва боз: «Худованд қавми Худро доварӣ хоҳад кард».
Ва Еҳушаъ ба қавм гуфт: «Шумо наметавонед Худовандро ибодат намоед, зеро ки Ӯ Худои қуддус аст, ва Ӯ Худои ғаюр аст, ки ба маъсиятҳо ва гуноҳҳои шумо тоқат нахоҳад кард.
Пас Худованд медонад, ки чӣ гуна парҳезгоронро аз озмоиш раҳо кунад ва шариронро барои ҷазо то рӯзи доварӣ дар қайду банд нигоҳ дорад,