1 Ваҳй дар бораи Нинве; китоби рӯъёи Наҳуми алкӯшӣ.
Аз он замин Ашшур баромада, Нинве, Раҳӯбӯир ва Колаҳро бино кард,
Ва Санҳериб, подшоҳи Ашшур, ба роҳ даромада, равона шуд ва баргашта, дар Нинве сокин гардид.
Ҳой, Ашшур, ки чӯбдасти ғазаби Ман аст, ва қаҳри Ман асоест дар дасти вай!
Ваҳй дар бораи Бобил, ки онро Ишаъё ибни Омӯс дидааст.
Дар соле ки подшоҳ Оҳоз вафот кард, ин ваҳй омадааст:
Ваҳй дар бораи Мӯоб. Ҳайҳот, ки дар як шаб Ор хароб гардида, аҳли Мӯоб нобуд шудаанд! Ҳайҳот, ки дар як шаб Қир хароб гардида, аҳли Мӯоб нобуд шудаанд!
Ваҳй дар бораи Миср. Инак, Худованд бар абри сабукрав савор шуда, ба Миср меояд. Ва аз ҳузури Ӯ бутҳои Миср ба ларза хоҳанд афтод, ва дили Миср андаруни вай заиф хоҳад шуд.
Ваҳй дар бораи биёбони назди баҳр. Мисли гирдбодҳое ки дар ҷануб мевазад, вай аз биёбон, аз замини пурдаҳшат меояд.
Ваҳй дар бораи водии рӯъё. Пас туро чӣ шудааст, ки саросар ба бомҳо баромадаӣ?
Ваҳй дар бораи Сӯр. Эй киштиҳои Таршиш, вовайло кунед, зеро ки он хароб шудааст: на хонае боқӣ мондааст, на ҷое ки кас тавонад вориди он гардад; аз замини Киттим ба онҳо хабар расидааст.
Анбиёе ки аз қадимулайём, пеш аз ман ва пеш аз ту буданд, барои заминҳои бисьёр ва мамлакатҳои бузург ҷанг ва мусибат ва ваборо нубувват кардаанд.
«Бархез, ба Нинве — шаҳри бузург — бирав ва дар он мавъиза намо, зеро ки бадкории онҳо то ба пеши Ман баромадааст».
Ва Нинве аз аввали мавҷудияташ мисли ҳавзи пур аз об буд, ва ҳоло онҳо рӯ ба гурез овардаанд. «Биистед, биистед!» Валекин ҳеҷ кас ба ақибаш нигоҳ намекунад.
Ваҳйе ки Ҳабаққуқи набӣ дидааст.
Ва Ӯ дасти Худро бар шимол дароз карда, Ашшурро маҳв хоҳад намуд, ва Нинверо ба харобазоре, ба саҳрои хушке ки мисли биёбон бошад, табдил хоҳад дод.
Ваҳйи каломи Худованд, ки он дар замини Ҳадрох ва дар Димишқ қарор хоҳад гирифт, зеро ки чашми Худованд бар одамизод ва бар ҳамаи сибтҳои Исроил аст;
Ваҳйи каломи Худованд дар бораи Исроил ба воситаи Малокӣ.