Ва қавм гирифтори зулм хоҳанд шуд: ҳар кас аз дасти каси дигар, ва ҳар кас аз дасти ёри худ; амрад ба пир, ва пастфитрат ба олиҷаноб густохӣ хоҳад кард.
Одил нобуд мешавад, ва касе нест, ки инро ба дил гирад; ва мардуми порсо аз миён мераванд, ва касе фаҳм намекунад, ки одил ба сабаби шӯру шар аз миён меравад.
Инак, Ман моҳигирони бисьёрро хоҳам фиристод, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро шикор хоҳанд кард; ва пас аз он сайёдони бисьёрро хоҳам фиристод, ва онҳоро аз болои ҳар кӯҳ ва аз болои ҳар теппа ва аз шикофҳои сахраҳо сайд хоҳанд кард.
Андаруни ту ришва мехӯрданд, то ки хун бирезанд; ту фоида ва суд мехӯрдӣ, ва ба моли ёри худ бо ситам тамаъ менамудӣ, вале Маро фаромӯш кардӣ, мегӯяд Худованд Худо.
Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: вой бар ҳоли шаҳри хунрез! Вой бар ҳоли деге ки занги он андаруни он мебошад, ва занги он аз даруни он набаромадааст! Порчаҳояшро паи ҳам берун овар, бе он ки бар онҳо қуръа партоӣ.