Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Худованд дубора дасти Худро дароз хоҳад кард, то ки бақияи қавми Худро, ки аз Ашшур ва Миср, аз Патрос ва Ҳабаш, аз Элом ва Шинъор ва аз Ҳамот ва ҷазираҳои баҳр саломат монда бошанд, баргардонад.
Ту хоҳӣ хӯрд, вале сер нахоҳӣ шуд, ва гуруснагии ту андаруни ту хоҳад монд; ва пинҳон хоҳӣ сохт, вале халос нахоҳӣ кард, ва он чиро, ки халос кунӣ, Ман ба шамшер хоҳам супурд.