Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Мико 4:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва ҳар яке зери токи худ ва зери дарахти анҷири худ хоҳанд нишаст, ва касе онҳоро нахоҳад тарсонид, зеро ки даҳони Худованди лашкарҳо инро гуфтааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Мико 4:4
25 Iomraidhean Croise  

Ва Яҳудо ва Исроил, ҳар кас зери токи ангури худ ва зери дарахти анҷири худ, аз Дон то Беэр‐Шобаъ, дар тамоми айёми Сулаймон дар амният менишастанд.


Ва инак, ман ният дорам, ки хонае ба исми Худованд Худои худ бино кунам, чунон ки Худованд ба падари ман Довуд сухан ронда, гуфтааст: „Писари ту, ки варо ба ҷои ту бар тахти ту хоҳам нишонид, хонае ба исми Ман бино хоҳад кард“.


Ва ором хоҳӣ хобид, ва чизе туро нахоҳад тарсонид, ва бисьёр касон ба ту хушомад хоҳанд кард.


Зеро ки аз лофакиён ҳасад бурдам, вақте ки осудагии шариронро дидам.


Аз ваҳми ногаҳонӣ нахоҳӣ тарсид, ва аз ситами шарирон, вақте ки падид ояд,


Вале агар сар печида, муқобилат кунед, шамшер шуморо хоҳад хӯрд: зеро ки даҳони Худованд чунин мегӯяд».


Шаҳрҳои Арӯэр тарк карда хоҳад шуд, — маконе барои рамаҳо хоҳад гардид, ва онҳо дар он ҷо хоҳанд хобид, ва касе нахоҳад буд, ки онҳоро хӯсонад.


«Дар он рӯз, — мегӯяд Худованди лашкарҳо, — он мехе ки дар ҷои сахт устувор гардида буд, лиққонак хоҳад шуд, ва шикаста, фурӯ хоҳад ғалтид, ва боре ки бар он овезон аст, талаф хоҳад шуд; зеро ки Худованд гуфтааст».


Худовандо! Дар вақти тангии худ онҳо Туро талабидаанд; чун аз Ту ҷазо меёфтанд, бо зорию илтиҷо дуо мегуфтанд.


Ва натиҷаи адолат сулҳу осоиштагӣ хоҳад буд, ва самари адолат — оромӣ ва амният то абад.


Ба Ҳизқиё гӯш надиҳед, зеро ки подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: бо ман мусолиҳа намоед ва пеши ман берун оед; ва ҳар яке меваи токи худро, ва ҳар яке анҷири худро хоҳед хӯрд, ва ҳар яке аз оби чоҳи худ хоҳед нӯшид,


Ва ҷалоли Худованд зоҳир хоҳад шуд, ва ҳар ҷисм якбора онро хоҳад дид, зеро ки даҳони Худованд инро гуфтааст».


Бар адолат асос хоҳӣ ёфт; аз ситам дур хоҳӣ буд, зеро ки нахоҳӣ тарсид, ва аз даҳшат, — зеро ки он ба ту наздик нахоҳад шуд.


Он гоҳ дар Худованд ҳаловат хоҳӣ бурд, ва туро бар баландиҳои замин хоҳам баровард, ва ирси падарат Яъқубро ба ту хоҳам чашонид, зеро ки даҳони Худованд инро гуфтааст».


Ва бар онҳо чӯпононро таъин хоҳам намуд, ки онҳоро бичаронанд; ва онҳо дигар ҳаросон ва мушавваш ва саргум нахоҳанд шуд, — мегӯяд Худованд.


Вале ту, эй бандаи Ман Яъқуб, натарс, — мегӯяд Худованд, — ва эй Исроил, ҳаросон нашав, зеро инак, Ман туро аз ҷои дурдаст, ва насли туро аз замини асирии онҳо наҷот хоҳам дод; ва Яъқуб баргашта, дар амният ва осоиштагӣ хоҳад зист, ва касе ӯро нахоҳад тарсонид.


Ва барои онҳо аҳди сулҳу осоиштагӣ хоҳам баст, ва ҳайвоноти даррандаро аз ин замин нест хоҳам кард, ва онҳо дар биёбон дар амният сокин хоҳанд шуд, ва дар ҷангалҳо хоҳанд хобид.


Ва онҳо дигар ба тороҷи халқҳо дода нахоҳанд шуд, ва ҳайвоноти замин онҳоро нахоҳанд хӯрд, ва дар амният сокин хоҳанд шуд, ва касе онҳоро ба ҳарос нахоҳад андохт.


Ва хоҳӣ гуфт: «Ба замини беҳисоре мебароям, бар касони осоиштае ки дар амният сокин буда, ҳамаашон бе ҳисоре зиндагӣ мекунанд ва ғалақаю дарвоза надоранд», —


Ва онҳо нанги худро, ва тамоми хиёнати худро, ки дар ҳаққи Ман кардаанд, фаромӯш хоҳанд намуд, вақте ки дар замини худ дар амният сокин шаванд, ва касе набошад, ки онҳоро ба ҳарос андозад,


Ва ба замин сулҳу осоиштагӣ хоҳам дод, ва ҳангоме ки мехобед, касе шуморо ташвиш нахоҳад дод; ва ҳайвоноти бадро аз заминатон маҳв хоҳам сохт, ва шамшер аз заминатон гузар нахоҳад кард.


Бинобар ин Ӯ онҳоро то вақте ки зани ҳомила бизояд, таслим хоҳад кард; ва бақияи бародаронаш бо банӣ‐Исроил хоҳанд баргашт.


Бақияи Исроил ноинсофӣ нахоҳанд кард, ва дурӯғ нахоҳанд гуфт, ва дар даҳонашон забони фиребгарона ёфт нахоҳад шуд, зеро ки худашон чаро карда, хоҳанд хобид, ва касе онҳоро безобита нахоҳад кард».


Дар он рӯз, мегӯяд Худованди лашкарҳо, якдигарро зери ток ва зери дарахти анҷир даъват хоҳед намуд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan