Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Мико 4:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва дар айёми охир чунин воқеъ хоҳад шуд, ки кӯҳи хонаи Худованд бар сари кӯҳҳо барқарор хоҳад гардид, ва аз пуштаҳо баланд хоҳад шуд, ва қавмҳо сӯи он равона хоҳанд шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Мико 4:1
53 Iomraidhean Croise  

Ва Яъқуб писарони худро даъват намуда, гуфт: «Ҷамъ шавед, ва ман шуморо аз он чи дар оянда ба шумо воқеъ хоҳад шуд, хабар медиҳам.


Чӯбдасти салтанат аз Яҳудо дур нашавад ва қонунгузор аз камараш, то даме ки Шилӯ биёяд, ва ба Ӯ қавмҳо итоат намоянд.


Кори Ӯ шукӯҳ ва шавкат аст; ва адолати Ӯ то абад қоим аст.


Барои сардори муғанниён. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ.


Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки шохи бузурге хоҳад навохт, ва гумшудагони замини Ашшур ва рондашудагони замини Миср хоҳанд омад, ва бар кӯҳи муқаддас, ки дар Ерусалим воқеъ аст, ба Худованд саҷда хоҳанд кард.


Ба шимол хоҳам гуфт: бидеҳ; ва ба ҷануб: монеъ нашав; писарони Маро аз дурдаст, ва духтарони Маро аз ақсои замин биёр,


Ва Ӯ мегӯяд: «Азбаски Ту бандаи Ман хоҳӣ буд, чизи саҳл аст, ки сибтҳои Яъқубро аз нав барқарор намоям ва бақияҳои Исроилро баргардонам, балки ҳамчунин Туро нури халқҳо хоҳам гардонид, то ки наҷоти Ман то ақсои замин бирасад».


Ҷои хаймаи худро васеътар бикун, то ки пардаҳои масканҳоят паҳн шавад; дареғ надор: танобҳоятро дароз карда, мехҳоятро маҳкамтар бизан.


Онҳоро Ман ба кӯҳи муқаддаси Худ хоҳам овард, ва онҳоро дар хонаи ибодати Худ шод хоҳам кард; қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои онҳо бар қурбонгоҳи Ман мақбул хоҳад буд, зеро ки хонаи Ман хонаи ибодат барои ҳамаи қавмҳо хонда хоҳад шуд».


«Худовандо! Ту қуввати ман ва муттакои ман ва паноҳгоҳи ман дар рӯзи тангӣ ҳастӣ! Назди Ту халқҳо аз ақсои замин омада, хоҳанд гуфт: „Падарони мо фақат чизҳои дурӯғ ва ҳеҷу пучро, ки манфиате аз онҳо нест, мерос гирифтаанд“.


«Михои Мӯраштӣ дар айёми Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо нубувват кард ва ба тамоми қавми Яҳудо хитоб намуда, гуфт: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: Сион мисли саҳро шудгор карда хоҳад шуд, ва Ерусалим ба харобазор табдил хоҳад ёфт, ва кӯҳи хонаи Худованд — ба теппаҳои дарахтзор“.


Дар он замон Ерусалимро тахти Худованд хоҳанд номид, ва ҳамаи халқҳо ба хотири исми Худованд дар он ҷо, дар Ерусалим ҷамъ хоҳанд шуд, ва дигар саркашии дилҳои шарири худро пайравӣ нахоҳанд кард.


Ва онҳо омада, бар баландии Сион тараннум хоҳанд кард; ва сӯи неъмати Худованд: сӯи гандум ва шароб ва равғани зайтун, ва сӯи барраҳо ва гӯсолаҳо равон хоҳанд шуд; ва ҷони онҳо мисли боғи сероб хоҳад буд, ва онҳо дигар ғамгин нахоҳанд шуд.


Вале дар рӯзҳои охир Ман асирони Мӯобро хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд». — Доварӣ дар бораи Мӯоб то ин ҷост.


Ва бар қавми Ман — Исроил — мисли абре ки заминро мепӯшонад, хоҳӣ баромад; ин дар айёми охирин рӯй хоҳад дод, ва Ман туро ба замини Худ хоҳам овард, то ки халқҳо Маро бидонанд, вақте ки ба воситаи ту, эй Ҷуҷ, Худро дар пеши назари онҳо тақдис намоям.


Дар рӯъёҳои Худо маро ба замини Исроил овард, ва маро бар кӯҳи бағоят баланде гузошт, ки бар он аз ҷануб мисли биноҳои шаҳр намоён буд.


Ин аст қонуни маъбад: бар сари кӯҳ тамоми ҳудуди он гирдогирд қудси қудсҳо мебошад; ана ҳамин аст қонуни маъбад».


Ва омадаам, то туро аз он чи дар айёми охир ба қавми ту воқеъ хоҳад шуд, хабардор намоям, зеро ки боз рӯъёе барои он айём ҳаст».


Аммо Худое дар осмон ҳаст, ки Ошкоркунандаи розҳост, ва Ӯ подшоҳ Набукаднесарро аз он чи дар айёми охир ба вуқӯъ хоҳад омад, огоҳ кардааст. Хоби ту ва рӯъёи сари ту бар бистари ту ин буд:


Он гоҳ оҳан, гил, мис, нуқра ва тилло якбора гард‐гард шуда, мисли коҳрезаи хирмангоҳи тобистон гардид, ва бод онҳоро гирифта бурд, ва ному нишоне аз онҳо боқӣ намонд; ва он санг, ки ҳайкалро зада буд, ба кӯҳи бузурге табдил ёфта, тамоми заминро пур кард.


Ва дар айёми он подшоҳон Худои осмон салтанате барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд: он ҳамаи ин салтанатҳоро гард‐гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод.


Ва салтанат ва ҷалол ва малакут ба Ӯ дода шуд, то ки ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳо Ӯро ибодат намоянд; салтанати Ӯ салтанати ҷовидонист, ки завол нахоҳад ёфт ва малакути Ӯ нест нахоҳад шуд.


Ва муқаддасони Ҳаққи Таоло салтанатро хоҳанд пазируфт, ва салтанатро то абад ва то абадулобод мерос хоҳанд гирифт“.


То даме ки Атиқулайём омад, ва доварӣ ба муқаддасони Ҳаққи Таоло супурда шуд, ва замоне фаро расид, ва малакутро муқаддасон мерос гирифтанд.


Ва малакут ва салтанат ва кибриёи малакутҳо дар таҳти тамоми осмон ба муқаддасон, яъне ба қавми Ҳаққи Таоло дода хоҳад шуд, ки малакути Ӯ малакути ҷовидонист, ва ҳамаи салтанатҳо ба Ӯ хизмат ва итоат хоҳанд кард“.


Баъд аз он банӣ‐Исроил тавба намуда, Худованд Худои худ ва Довуд подшоҳи худро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва дар айёми онир бо тарс сӯи Худованд ва эҳсони Ӯ хоҳанд шитофт.


Бинобар ин, аз боиси шумо, Сион мисли саҳро шудгор хоҳад шуд, ва Ерусалим ба харобазор, ва кӯҳи Хона ба баландиҳои ҷангалзор мубаддал хоҳад гардид.


Тамоми ин замин, аз Ҷабъ то Риммӯн, ки ба тарафи ҷануби Ерусалим аст, ба даштрӯяе табдил хоҳад ёфт, дар сурате ки Ерусалим боз ҳам баландтар шуда, дар макони худ аз дарвозаи Биньёмин то ҷои дарвозаи аввалин ва то дарвозаи кунҷакӣ, ва аз бурҷи Ҳананъил то чархушти подшоҳ маскун хоҳад гардид.


«Ва дар он рӯз халқҳои бисьёр ба Худованд ҳамроҳ хоҳанд шуд, ва қавми Ман хоҳанд гардид, ва Ман андаруни ту сокин хоҳам шуд». Ва хоҳӣ донист, ки Худованди лашкарҳо маро назди ту фиристодааст.


Худованд чунин мегӯяд: Ман ба Сион хоҳам баргашт, ва андаруни Ерусалим сокин хоҳам шуд; ва Ерусалим шаҳри ҳақиқат, ва кӯҳи Худованди лашкарҳо кӯҳи муқаддас номида хоҳад шуд.


Зеро ки аз тулӯи офтоб то ғуруби он исми Ман дар миёни халқҳо бузург аст, ва дар ҳар ҷо ба исми Ман бухур ва ҳадияи поке оварда мешавад, зеро ки исми Ман дар миёни халқҳо бузург аст, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


„Ва дар рӯзҳои охир, мегӯяд Худо, чунин хоҳам кард: Рӯҳи Худро бар тамоми башар хоҳам рехт, ва писарону духтарони шумо нубувват хоҳанд кард, ва ҷавонони шумо рӯъёҳо ва пирони шумо хобҳо хоҳанд дид;


Дар ин айёми охир ба мо ба василаи Писараш сухан ронд, ки Ӯро вориси ҳама чиз таъин намуд ва оламҳоро низ ба воситаи Ӯ ба вуҷуд овард.


Пеш аз ҳама бидонед, ки дар рӯзҳои охир масхарабозони беҳаёе пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор намуда,


Ва фариштаи ҳафтум карнай навоҳт, ва дар осмон овозҳои баланд баромаданд, ки мегуфтанд: «Салтанати ҷаҳон салтанати Худованди мо ва Масеҳи Ӯ гардидааст, ва Ӯ то абад салтанат хоҳад ронд».


Кист, ки аз Ту, эй Худованд, натарсад ва исми Туро ҷалол надиҳад? Зеро ки танҳо Ту Қуддус ҳастӣ. Ҳамаи халқҳо омада, дар пеши Ту саҷда хоҳанд кард, зеро ки довариҳон одилонаи Ту зоҳир шудааст».


Ва тахтҳо ва бар онҳо нишастагонро дидам, ки ихтиёри доварӣ кардан ба онҳо дода шуда буд, ва ҷонҳои касонеро дидам, ки барои шаҳодати Исо ва барои каломи Худо сар бурида шуда буданд, ва онҳо ба ҳайвони ваҳшӣ ва ба пайкари он саҷда накарда буданд ва тамғаи онро бар пешонӣ ва дасти худ назада буданд. Онҳо зинда шуданд ва бо Масеҳ ҳазор сол салтанат ронданд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan